ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 октябр, чоршанбе, 276-умин рӯзи соли 2024 аст
Дар ин рӯзи соли 2009 дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ китоби «Назаре ба зиндагонии Имоми Аъзам Абӯ Ҳанифа ибни Нуъмон» — и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба нашр расид.
***
2 октябри соли 2009 дар шаҳри Душанбе масоили вақт ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Амрико баррасӣ шуд.
***
2 октябри соли 2012 маҷаллаи бонуфузи аврупоӣ «Diplomatic World» (Ҷаҳони дипломатия, ш. Брюссел) дар ҳаҷми 5 саҳифа таҳти унвони «Меъмори сулҳ» оид ба ҳаёту фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақола ба нашр расонид.
***
11 сол пеш, 2 октябри соли 2013 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва узви Кумитаи робитаҳои хориҷии Бундестаги (Парлумони) Ҷумҳурии Федералии Олмон Михаэл Глос масоили ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2013 дар пойтахти мамлакат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими эҳёи фаъолияти корхонаи «Тоҷиксемент» иштирок ва суханронӣ намуданд.
***
10 сол пеш, 2 октябри соли 2014 ҳамкории гуногунпаҳлуи Тоҷикистон ва Созмони ҷаҳонии савдо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2020 ҳамватани мо, донишҷӯи соли сеюми Донишгоҳи давлатии Волгоград Азизхон Мавлоназаров аз номи Президенти Русия Владимир Путин барои фаъолияти волонтёрӣ дар давраи уфунати коронавирус бо диплом ва медали «Мо якҷоем» мукофотонида шуд.
***
2 октябри соли 2023 навраси тоҷик Сомон Турсунзода дар мусобиқаи «Shanghai Jiu-Jitsu Elite Championship-2023», ки дар шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид, соҳиби медали тилло шуд.
2 ОКТЯБР:
Рӯзи байналмилалии бе хушунат.
***
Зодрӯзи Маҳатма Ганди.