ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 октябр, душанбе, 295-умин рӯзи соли 2024 аст
21 октябри соли 2002 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Кофи Аннонро дар Душанбе ба ҳузур пазируфтанд.
***
15 сол пеш, 21 октябри соли 2009 дар Душанбе намояндагии Бонки авруосиёии рушд ифтитоҳ гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2014 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки шаҳри Душанбе -пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Дипломи озмуни VII байналмилалии таҷрибаҳои шаҳрии шаҳрҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё- «Шаҳре, ки он ҷо зистан маъқул аст», сарфароз гардид.
***
21 октябри соли 2015 дар чойхонаи миллии Қасри таърихии Арбоб Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуданд.
***
21 октябри соли 2015 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши «Шамоил. Асрҳои Х1Х-ХХ. Сухан ва тасвир» оғоз гардида, 20 ноябр ба анҷом расид.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 масоили вақт ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ баррасӣ шуд.
***
21 октябри соли 2016 дар Қасри миллат дар мулоқоти Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Вазири корҳои хориҷии Туркия Мавлют Човушоғлу масоили вақт ва дурнамои ҳамкории ду давлат ва дигар мавзуъҳои муҳим баррасӣ шуданд.
***
21 октябри соли 2020 ба муносибати аз нав интихоб гардидан ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои давлатҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ номаҳои табрикотӣ ворид гардиданд.
***
21 октябри соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Хуррамзамини деҳоти ба номи Исмат Шарифи ноҳияи Данғара бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8-ро ифтитоҳ намуданд.
***
21 октябри соли 2022 дар Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» якумин «Конгресси байналмилалии тиббии давлатҳои Авруосиё» бахшида ба масъалаҳои афзалиятноки соҳаҳои ҷарроҳӣ, гастроэнтерология, мадҳушкунӣ-эҳёгардонӣ, радиология, бемориҳои занона ва дил баргузор гардид.
***
21 октябри соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Комплекси агросаноатии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Заркорон» ба фаъолияти корхонаи парандапарварӣ оғози расмӣ бахшиданд.
21 ОКТЯБР:
Дар Беларус- Рӯзи падар.
***
Дар Британияи Кабир — Рӯзи себ