САЙЁРАИ ЗАМИНРО БОЯД ТОЗА НИГОҲ ДОРЕМ! Эҳдо ба Рӯзи Замин

Март 20, 2026 11:00

ДУШАНБЕ, 20.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. 20 март дар саросари ҷаҳон Рӯзи Замин таҷлил мегардад. Интихоб гардидани Рӯзи Замин дар ин сана ба баробар шудани шабу рӯз марбут аст, зеро Рӯзи Замин ба ҷашни байналмилалии Наврӯз рост меояд.

Ҷалби таваҷҷуҳи сайёра ба тоза нигоҳ доштани Замин

Мақсади эълон намудани Рӯзи Замин ҷалби таваҷҷуҳи сайёра ба тозаю озода нигоҳ доштан ва ҳифзи он мебошад. Таҷлили Рӯзи Замин тадбири бузурги байналмилалӣ буда, таваҷҷуҳи аҳли башарро ба он ҷалб менамояд, ки ҳар сокини сайёра вазифадор аст нисбат ба Замин ғамхорӣ зоҳир кунад ва ҳар гӯшаи сайёраро барои наслҳои оянда тозаю озода нигоҳ дорад.

Таҷлили Рӯзи Замин фурсат — барои корҳои ободонӣ

Ёдовар мешавем, ки соли 1971 аз ҷониби Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид Рӯзи Замин бо мақсади ҳифзи муҳити зист ва экосистемаи сайёра, ҳушдор додани башарият аз осебпазирии муҳити зист, зарурати ҳифзи табиат ва муттаҳид кардани мардум дар ҳифзи сайёра расман эълон гардид.

Ин рӯз фурсатест барои анҷом додани корҳои ободонӣ, шинонидани ниҳоли дарахтони гуногуни ҳамшасабз ва тоза кардани муҳити зист, зеро фасли баҳор айёми тозакорию эҳёи табиат мебошад.

Таҷлили нахустини Рӯзи Замин

Ташаббуси нахустин оид ба таҷлили Рӯзи Замин ҳанӯз соли 1840 аз тарафи ходими ҷамъиятии амрикоӣ Ҷон Мортон пешниҳод гардида, маъракаи шинонидани ниҳолу буттаҳо бо фарорасии фасли баҳор ва барномаи муносибати оқилона ба муҳити зист аз ҷониби ӯ таҳия гардида буд. Чорабиниҳои оммавӣ дар бахши ҳифз ва беҳдошти муҳити зист, ки дар ин рӯз дар гӯшаҳои гуногуни сайёра баргузор мешаванд- намоишу фестивалҳои экологӣ, марафонҳо ва конфронсҳо дар бораи табиат, рубӯчин ва тоза намудани кӯчаҳо, шинонидани дарахтҳо ва қатъи ҳаракати нақлиёт дар кӯчаҳои серодами шаҳрҳои калон, ҷамъомадҳои фарҳангӣ ва консертҳо мебошанд.

То соли 2040 Тоҷикистон ба «кишвари сабз» табдил меёбад

Таҷлили Рӯзи Замин дар соли 2026 ба он робита дорад, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2026 Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ эълон гардидааст. Инчунин дар Тоҷикистон татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то давраи соли 2040» босуръат идома дорад. Дар доираи татбиқи ин Барномаи давлатӣ то соли 2040 дар мамлакат 2 миллиард бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ ва мевадиҳандаю сояафкан шинонида шуда, Тоҷикистон, ки як гӯшаи сайёраи Замин аст, ба «кишвари сабз» табдил дода мешавад.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Март 20, 2026 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Қабули Конститутсия марҳалаи муҳимми рушди давлатдории муосири тоҷикон аст
Конститутсия-пояи давлатдории миллӣ ва кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд
Конститутсия барои ташаккули ҷомеаи ҳуқуқбунёд заминаи асосӣ мебошад
КОНСТИТУТСИЯ — САНАДИ САРНАВИШТСОЗ. Андешаҳо дар ин мавзуъ
КОНСТИТУТСИЯ-ТАҲКУРСИИ УСТУВОР ВА САНАДИ БУНЁДГУЗОР. Он дар таҳкими ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд нақши муҳим дорад
КОНСТИТУТСИЯ–САНАДИ КАФОЛАТДИҲАНДАИ ҲУҚУҚИ ЗАНОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо дар ин маврид
Устувонаи Куруши Бузург ва Конститутсияи Тоҷикистон ду сутуни як бинои бошукӯҳи давлатдории миллӣ мебошанд
КОНСТИТУТСИЯ ҲАМЧУН КАФИЛИ РУШДИ ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
НАҚШИ КОНСТИТУТСИЯ ДАР ДАВЛАТДОРИИ МУОСИР. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон дар ин маврид
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад