ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 октябр, ҷумъа, 299-умин рӯзи соли 2024 аст

Октябрь 25, 2024 08:00

25 октябри соли 1933 дар шаҳри Душанбе аввалин фабрикаи дӯзандагӣ ба фаъолият оғоз намуд.

***

25 октябри соли 1961 унвони «Шоири (нависандаи) халқии Тоҷикистон» таъсис ёфт.

***

Дар ин рӯзи соли 1963 қисми аввали китоби «Таърихи халқи тоҷик», ки аз ҷониби Институти таърихи Академияи илмҳои Тоҷикистон омода шуда буд, ба нашр расид.

***

25 октябри соли 2012 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари расмӣ ба Хадамоти геологии Финландия ташриф оварда, бо таъриху таҷрибаи ғанӣ ва дастовардҳои илмию амалии он аз наздик шинос шуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2013 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи сарони мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар шаҳри Минск-пойтахти Ҷумҳурии Беларус баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд.

***

Соли 2018 Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба  унвони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои манъи истифодаи оинаҳои сиёҳшиша дар воситаҳои  нақлиётии муассисаву корхонаҳое, ки сарфи назар аз шакли моликияташон дар пойтахт ба мусофиркашонӣ машғул мебошанд, пешниҳод манзур намуд.

***

25 октябри соли 2018 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 15-уми  Шурои машваратӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони  мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2018 дар пойтахти Тоҷикистон ҷаласаи ҳаштуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникӣ доир шуд.

***

25 октябри соли 2021  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд. Роҳбари давлати мо муҳтарам Шавкат Мирзиёевро ба муносибати пирӯзӣ дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Узбекистон самимона табрик гуфта, ба манзури ривоҷу равнақи Узбекистони дӯст дар фаъолияти минбаъдаи давлатиашон дастовардҳои нав ба нав орзу намуданд.

***

25 октябри соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи ҷаласаи Раиси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба омодагӣ ба Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2023 суханронӣ намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2023 дар Душанбе конфронси 7-уми минтақавӣ оид ба назорати ҳамгироишудаи бемории сил дар давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид.

25 ОКТЯБР:

Рӯзи ҷаҳонии муборизаи занон ба хотири сулҳ.

***

Рӯзи гумрукчиён дар Федератсияи Русия.

Октябрь 25, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 октябр, душанбе, 302-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 октябр, якшанбе, 301-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 октябр, панҷшанбе, 298-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 октябр, чоршанбе, 297-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 октябр, сешанбе, 296-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 октябр, душанбе, 295-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 октябр, якшанбе, 294-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 октябр, шанбе, 293-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 октябр, ҷумъа, 292-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 октябр, панҷшанбе, 291-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 октябр, чоршанбе, 290-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 октябр, сешанбе, 289-умин рӯзи соли 2024 аст