ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 октябр, шанбе, 300-умин рӯзи соли 2024 аст
26 октябри соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Фармондеҳи вақти Қувваҳои марказии Иёлоти Муттаҳидаи Америка Дэвид Петреусро ба ҳузур пазируфтанд.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 дар Қасри миллат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мушовири Девони Амири Давлати Кувайт, Раиси Фонди байналмилалии хайрияи исломӣ, Намояндаи Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба корҳои башардӯстӣ доктор Абдуллоҳ Маътуқ ал — Маътуқро ба ҳузур пазируфтанд.
***
26 октябри соли 2011 Клуби футболи «Регар-ТадАЗ» — и шаҳри Турсунзода барандаи Ҷоми футболи Тоҷикистон дар соли 2011 гардид.
***
26 октябри соли 2019 дар Душанбе Фестивали байналмилалӣ таҳти унвони «Шарқ-Ғарб: анъанаҳои мусиқӣ ва ҳунарҳои мардумии Авруосиё дар фазои фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» доир гардид.
***
26 октябри соли 2021 дар Тоҷикистон таҳти унвони «Санъати ороишӣ дар фазои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» конференсияи байналмилалӣ доир шуд
***
26 октябри соли 2022 ҳайати Тоҷикистон дар Нишасти 15-уми вазирони корҳои хориҷии Форуми ҳамкории «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» иштирок намуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2023 дар муҷтамаи «Манеж»-и шаҳри Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2023» ифтитоҳ гардид, ки дар он молу маҳсулоти зиёда аз 50 ширкату корхонаҳои ватанӣ ва хориҷӣ ба намоиш гузошта шуд.
26 ОКТЯБР:
Рӯзи пайдоиши футбол (1863).
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Давлатманд Холов – овозхон ва фалаксарои овозадори тоҷик, оҳангсози суннатӣ. Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






