ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 ноябр, душанбе, 309-умин рӯзи соли 2024 аст

Октябрь 4, 2024 08:00

4 ноябри соли 2009 Барномаи ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Полша дар соҳаҳои фарҳанг, илм, таҳсилоти олӣ ва маданӣ ба имзо расид.

***

14 сол пеш, 4 ноябри соли 2010 дар шаҳри Душанбе Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар конфронси илмию амалии байналмилалии «Мақомоти назорати конститутсионӣ дар шароити ҳамгироии системаҳои ҳуқуқӣ: таҷрибаи байналмилалӣ ва амалияи Тоҷикистон» суханронӣ намуданд.

***

4 ноябри соли 2014 Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуда, чанд бинои нави истиқоматӣ ва иншооти дигарро мавриди истифода қарор доданд.

***

4 ноябри соли 2016 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ намоиши операи «Комде ва Мадан» баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 «Сомон Эйр» дар самти Душанбе-Сеул-Душанбе бори нахуст парвоз анҷом дод.

***

Соли 2017 чемпиони Тоҷикистон -дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар бозии финалии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2017 бо дастаи «Эйр Форс»-и Ироқ бозӣ анҷом дода, бо соҳиб шудан ба ҷои дуюм 500 ҳазор доллари амрикоӣ ба даст овард.

***

4 ноябри соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 25-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и пойтахт баргузор гардид, баён доштанд, ки «бо қабули Конститутсия дар инкишофи давлатдории Тоҷикистон марҳалаи нави таърихӣ оғоз гардид ва он моро ба дигаргуниҳои азими сиёсиву ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва созандагиву бунёдкорӣ роҳнамоӣ намуд».

***

3-4 ноябри соли 2022 Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода дар Форуми дуюми иқтисодии Узбекистон, ки дар шаҳри Самарқанд баргузор шуд, иштирок намуд.

***

4 ноябри соли 2023 паҳлавони тоҷик Набимуҳаммад Хоркашев дар вазни ҷамъи 100 кило чемпиони ҷаҳон оид ба гӯштини ҷудо байни собиқадорон шуд.

4 НОЯБР:

Дар Арманистон – Рӯзи кормандони иҷтимоӣ.

 

Октябрь 4, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш