ТЕАТР ВА ТАМОШОБИН. Мавсими нави театрӣ то нимаи соли 2025 идома меёбад
ДУШАНБЕ, 02.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз моҳи октябри соли 2024 то моҳи июни соли 2025 мавсими нави театрӣ баргузор мегардад, ки дар доираи он намоишҳои нав ба саҳна гузошта шуда, кормандони вазорату кумита ва идораҳои давлатӣ ба тамошои онҳо ҷалб мегарданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ҳадаф аз ин иқдом ҷалби ҳарчи бештари тамошобинон ба театр ва баланд бардоштани руҳияи ҳунарпешагон мебошад.
Дар ин муддат дар Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ, Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи М. Қосимов, Театри давлатии драмавии русии ба номи В. Маяковскй ва Театри лӯхтаки шаҳри Душанбе намоишҳои ҷолиб, аз қабили «Комден ва Мадан», «Зан ва дузд», «Гунҷишкакон ҳам механданд», «Агар ҷанг намебуд», «Ҳамсоя», «Таъбири ишқ», «Ночь в театре», «Кист гуноҳкор» ва ғайраҳо пешниҳоди тамошобинон гардонида мешаванд.
Ҳайати кормандони театрҳои мамлакат барои мухлисону ҳаводорон ва меҳмонон намоишҳои пурмазмуне аз эҷодиёти нависандагони машҳури тоҷик ва хориҷӣ омода намуда, ҳунарпешаҳои бомаҳорат ба ин намоишҳо ҷилои тоза бахшидаанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Дар мавриди фоидаи ғизо ва нӯшокиҳо барои саломатӣ дар фасли зимистон
Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд






