ТЕАТР ВА ТАМОШОБИН. Мавсими нави театрӣ то нимаи соли 2025 идома меёбад

Октябрь 2, 2024 12:00

ДУШАНБЕ, 02.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз моҳи октябри соли 2024 то моҳи июни соли 2025 мавсими нави театрӣ баргузор мегардад, ки дар доираи он намоишҳои нав ба саҳна гузошта шуда, кормандони вазорату кумита ва идораҳои давлатӣ ба тамошои онҳо  ҷалб мегарданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ҳадаф аз ин иқдом  ҷалби ҳарчи бештари тамошобинон ба театр ва баланд бардоштани руҳияи ҳунарпешагон мебошад.

Дар ин муддат дар Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ, Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ,  Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи М. Қосимов, Театри давлатии драмавии русии ба номи В. Маяковскй ва Театри лӯхтаки шаҳри Душанбе намоишҳои ҷолиб, аз қабили «Комден ва Мадан», «Зан ва дузд», «Гунҷишкакон ҳам механданд», «Агар ҷанг намебуд», «Ҳамсоя», «Таъбири ишқ», «Ночь в театре», «Кист гуноҳкор» ва ғайраҳо пешниҳоди тамошобинон гардонида мешаванд.

Ҳайати  кормандони театрҳои мамлакат барои мухлисону ҳаводорон ва меҳмонон намоишҳои пурмазмуне аз эҷодиёти нависандагони машҳури тоҷик ва хориҷӣ омода намуда, ҳунарпешаҳои бомаҳорат ба ин намоишҳо ҷилои тоза бахшидаанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 2, 2024 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Китоби «Мероси таърихӣ, фарҳангӣ ва табиии Тоҷикистон» аз чоп баромад
Антропологи машҳури рус дар ёдгории Сари Майни ноҳияи Айнӣ таҳқиқот мегузаронад
НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 21 июл дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд
«Қалъаи Хуҷанд» ба рӯйхати 10 мавзеи ҷолиби сайёҳии Тоҷикистон шомил гардидааст
Дар мавзеи Сари Майни ноҳияи Айнӣ корҳои омӯзишии бостоншиносӣ ва антропологӣ оғоз ёфт
Санъаткорони Қирғизистон Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо карданд
Дар Душанбе бо мақсади рушди ҳамкорӣ дар самти илмҳои яхшиносӣ вохӯрӣ баргузор гардид
Ба Маркази мероси хаттӣ беш аз 100 нусха китобҳои чопи сангӣ ва дастнависҳо тақдим гардид
«ШОҲНОМА». Фирдавсӣ дар сар то сари ин асари безавол дӯст доштани Ватанро таъкид мекунад
Беш аз 23 ҳазор нусха китобҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода шуд
«ДӮСТИИ АБАДӢ». Таҳту чунин унвон барномаи фарҳангии Тоҷикистон ва Қирғизистон доир мегардад
Собиқ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Тамара Абдушукурова аз олам даргузашт