«ТОҶИКИСТОН-2024». Дар Душанбе намоишгоҳи байналмилалӣ анҷом ёфт
ДУШАНБЕ, 27.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маркази байналмилалии намоишгоҳи шаҳри Душанбе «DUSHANBE EXPO CENTRE» Намоишгоҳи байналмилалии универсиалии «Тоҷикистон-2024», ки шуруъ аз 24 октябр дар он молу маҳсулоти зиёда аз 100 ширкату корхонаҳои ватанӣ ва хориҷӣ аз 10 давлати дунё ба намоиш гузошта шуда буд, анҷом ёфт, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Баргузории намоишгоҳ ба густариши минтақавии фаъолияти иқтисодии ширкатҳои иштироккунанда ва пешбурди маҳсулоти истеҳсолкунандагони ватанӣ равона шуда, зимни он намояндагони тиҷоратӣ имкон пайдо намуданд, ки шарикони нав ёбанд.
Тавре Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъазода иброз намуд, намоишгоҳ имконияти хубе барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ байни соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷӣ мебошад. «Барои иштирокчиёни хориҷӣ дар ин намоишгоҳ имконият фароҳам гардид, ки молу маҳсулоташонро муаррифӣ намуда, ба бозори Тоҷикистон ворид шаванд. Ҳамзамон онҳо метавонанд бо истифода аз имконияте, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам овардааст, дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ корхонаҳо таъсис дода, маҳсулот истеҳсол кунанд», — изҳор намуд Ҷамшед Ҷумъазода.
Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурбой Солеҳзода изҳор дошт, ки Ҳукумати мамлакат рушди бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ, беҳтар намудани фазои соҳибкориро ҳамчун афзалият муайян намуда, ин масъала зери таваҷҷуҳи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. «Афзалияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 муайян карда шудааст. Дар он махсусан ба рушди бахши хусусӣ, густариши ҳамкорӣ ва афзоиши гардиши савдои хориҷӣ бо кишварҳои гуногун афзалият дода мешавад. Сиёсати Тоҷикистон аз давраи аввали соҳибистиқлолӣ сиёсати дарҳои боз мебошад, ки мо имрӯз бо беш аз 190 кишвари ҷаҳон муносибати дипломатӣ дорем ва бо беш аз 100 кишвари дунё муносибати савдо ва тиҷорат ба роҳ мондаем. Баргузории чунин намоишу форумҳо, ки бахши хусусиро бо ҳам мепайванданд, ниҳоят муҳим мебошад, зеро дар доираи ин чорабинӣ соҳибкорон аз кишварҳои гуногун бо ҳам созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида, дар оянда байни ҳамдигар тиҷоратро рушд медиҳанд»,- иброз дошт Ашурбой Солеҳзода.
Намоишгоҳ аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, дар он ширкатҳои бонуфузи ватаниву хориҷӣ аз 10 давлати дунё, аз ҷумла Русия, Узбекистон, Чин, Покистон, Эрон ва Беларус маҳсулоташонро муаррифӣ намуданд.
Намояндаи ширкати «Сатурн-1» Гулнамо Поренова иттилоъ дод, ки корхонаи онҳо аз соли 2013 ба фаъолият оғоз намуда, маводи шустушӯӣ истеҳсол менамояд. «Корхонаи мо асосан он барои тозагии хонаву коргоҳ он маводеро истеҳсол менамояд, ки қаблан аз хориҷи мамлакат ворид мешуданд. Ҳоло маҳсулоти мо воридотивазкунанда гардидааст. Мо бо брендҳои «Day», «Ramis» ва «Bleck» маводи шустушӯӣ истеҳсол мекунем, ки ба таври васеъ дар хонаву корхона истифода бурда мешаванд», — гуфт ӯ.
Бо мақсади ташкили муносибатҳои корӣ ва ҷустуҷӯи шарикон ҳайатҳои тиҷоратӣ аз Русия, Узбекистон, Тайиланд, Африқо ва Маҷористон низ дар ин намоишгоҳ иштирок намуданд.
Бояд гуфт, ки Намоишгоҳи байналмилали универсалии «Тоҷикистон-2024» бо мақсади густариши фаъолияти иқтисодии хориҷии ширкатҳои ватанӣ ва таблиғи маҳсулоти истеҳсолкунандагони ватанӣ карда шуда, барои доираи соҳибкорию тиҷоратӣ ва молистеҳсолкунандагони ватанӣ имконияти иртиботи тиҷоратиро бо шарикони нав фароҳам овард.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»













Дар Душанбе Форуми байналмилалии нассоҷии Тоҷикистон – 2026 доир мегардад
РАШТ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши сиёсати давлатӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоии ин ноҳия
Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидори амалкунанда беш аз 100 ҳазор зиёд гардидааст
Дар Тоҷикистон дар 25 соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 122 баробар афзоиш ёфтааст
Кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ҷашни Истиқлоли давлатиро бошукуҳ таҷлил намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Даромади буҷети давлатӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 250 баробар зиёд гардид»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «То соли 2037 Тоҷикистонро пурра ба кишвари «сабз» табдил медиҳем»
РОҲИ 35-СОЛАИ НИЗОМИ БОНКИИ ТОҶИКИСТОН: аз бунёди низоми мустақили бонкӣ то бонкдории рақамӣ
РУШДИ САНОАТ. Дар давраи Истиқлолияти давлатӣ Душанбе ба маркази воқеии саноат, савдо ва хизматрасонӣ табдил ёфт
Эмомалӣ Раҳмон: «Бо саҳми соҳибкорони ватандӯст ва шахсони саховатпеша зиёда аз 10 ҳазор километр роҳҳои маҳаллӣ навсозӣ гардида, 273 пул бунёд гардид»
Ҷамшед Ҷумахонзода: «Соҳаи сайёҳӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон табдил ёфтааст»
Абдураҳмон Абдураҳмонзода: «Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ чун давлати дорои суръати баланди рушди иқтисодӣ шинохта шуд»






