Тоҷикистон ва Чин ҳамкорӣ дар самти рушди лоиҳаҳои навро густариш медиҳанд
ДУШАНБЕ, 16.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 15 октябр вохӯрии муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурбой Солеҳзода бо Котиби кумитаи ҳизби шаҳри Ланчжоу Чжан Сяотсян баргузор гардид, ки зимни он ҷонибҳо ба густариши минбаъдаи ҳамкории мутақобилан судманд ва рушди лоиҳаҳои нав, ки ба таҳкими шарикии ду давлат мусоидат мекунанд, изҳори омодагӣ намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар медиҳад.
Дар мулоқот Ашурбой Солеҳзода иброз намуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона ва иродаи олии сиёсии роҳбарони ҳарду давлат- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин ҳамкории стратегии давлатҳои мо ба сатҳи сифатан баланд баромаданд.
Дар мавриди рушди босуръати робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ таъкид шуд, ки Чин дуюмин шарики тиҷоратии Тоҷикистон буда, дар фаъолияти сармоягузорӣ дар қаламрави мамлакат нақши муҳим дорад. Сармоягузории Чин бахшҳои асосии иқтисоди миллиро фаро гирифта, дар рушди он саҳми назаррас мегузорад.
Дар доираи мулоқот имконияти сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ гардид. Гуфта шуд, ки ба сармоягузорони хориҷӣ самтҳои афзалиятнок, аз ҷумла рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ, имтиёзҳои андозӣ ва маъмурӣ, инчунин лоиҳаҳо дар соҳаи истихроҷи ангишт ва газ, истеҳсоли панелҳои офтобӣ, сохтмони заводҳои металлургӣ ва неругоҳҳои барқи офтобӣ пешниҳод карда мешаванд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе ҷаласаи 10-уми Гурӯҳи кории махсуси СҲШ оид ба мусоидат ба сармоягузорӣ доир гардид
Дар вилояти Суғд зеристгоҳи барқии «Ёва» бо иқтидори 110/35/10 кВ ба истифода дода мешавад
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар Конибодом ҷамъоварии пахта ва кишти такрорӣ идома дорад
Дар сардхонаҳо ва анборхонаҳои Тоҷикистон 12 ҳазор тонна ғалладонагиҳо захира гардидаанд
Дар вилояти Суғд беш аз 33 фоизи нақшаи ҷамъоварии пахта иҷро гардидааст
Дар Тоҷикистон имсол ангишт бештар истихроҷ гардидааст
Дар Тоҷикистон истеҳсоли гӯшти паранда беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Дар вилояти Хатлон ҷамъоварии пахта 40,76 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ зеристгоҳи нави 110 кВ-и «Чубек» ба истифода дода шуд
Дар Туркманистон ҷаласаи 95-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии обии Осиёи Марказӣ доир шуд
«Саноатсодиротбонк» ба натиҷаҳои назарраси молиявӣ ноил гардид






