Тоҷикистон ва Молдова ҳамкориро дар самтҳои мухталиф баррасӣ намуданд

Октябрь 2, 2024 10:43

ДУШАНБЕ, 02.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Кишинёв мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Молдова (бо қароргоҳ дар Киев) Давлаталӣ Назризода бо котиби давлатии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Молдова Сергей Михов баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Молдова дар самтҳои мухталиф, ҳамчунин оид ба ҳамкории ду мамлакат  дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор намуданд.

Инчунин  дар шаҳри Кишинёв вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Молдова Давлаталӣ Назризода бо президенти Палатаи савдо ва саноати Молдова Сергей Харя доир гардид.

Зимни мулоқот роҷеъ ба роҳҳои густариш ва тавсеаи ҳамкории судманди тиҷоратӣ, иқтисодӣ, саноатӣ ва кишоварзӣ табодули назар доир шуд.

Дар мулоқоти Давлаталӣ Назризода бо котиби генералии Вазорати кишоварзӣ ва саноати хӯроквории Ҷумҳурии Молдова Сержиу Герчиу таваҷҷуҳи асосӣ ба таҳким ва рушди ҳамкории  Тоҷикистон ва Молдова дар соҳаи кишоварзӣ ва саноати хӯрокворӣ равона гардид. Ба роҳ мондани робитаҳои судманд, аз ҷумла табодули таҷриба байни мутахассисони соҳаи боғдорӣ ва ангурпарварӣ муҳим арзёбӣ гардид.

Намояндаи Дафтари миллии ангур ва шароби Ҷумҳурии Молдова Владимир Коробка, ки дар мулоқот иштирок дошт, доир ба таҷрибаи бойи ангурпарварон ва шаробсозони кишвараш,  аз ҷумла оид ба истеҳсоли навъи нави шароб бе машруботи спиртӣ маълумот дод.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Октябрь 2, 2024 10:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид