Тоҷикистон ва Туркманистон ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият мебахшанд
ДУШАНБЕ, 17.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои мубрами марбут ба ҳифзи муҳити зист, аз ҷумла гузаронидани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар соли 2025 дар Душанбе зимни мулоқоти Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода ва Вазири ҳифзи муҳити зисти Туркманистон Чаригелдӣ Бабаниязов дар Ашқобод баррасӣ шуданд.
Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Ҷонибҳо ҳамзамон масоили тақвияти ҳамкорӣ дар самти ҳифзи набототу ҳайвонот ва минтақаҳои муҳофизатшаванда, мубодилаи таҷрибаи кормандон бо мақсади таҳкими рушди институтсионалӣ ва дониши мутахассисонро баррасӣ намуданд.
Дар анҷом мусоҳибон барои идома додани ҳамкории судманд ба мувофиқа расиданд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард






