Тоҷикистон ва вилояти Свердловск дар самти истифодаи технологияҳои нави сохтмонӣ ҳамкорӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 01.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 30 сентябр дар бинои Ҳукумати вилояти Свердловски Федератсияи Русия вохӯрии Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Низом Мирзозода бо муовини Губернатори вилояти Свердловск Василий Козлов баргузор гардид, ки зимни он ҷонибҳо табодули таҷриба дар самти истифодаи технологияҳои нави сохтмониро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони ҷумҳурӣ хабар доданд.
Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вохӯрӣ оид ба самтҳои рушди соҳаи меъморӣ ва сохтмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар намуд.
Ҳамзамон масъалаҳои ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Свердловски Федератсияи Русия оид ба ташаккули робитаҳои кооператсионӣ дар соҳаи сохтмон, омода намудани муҳандисон–сохтмончиён ва дигар мутахассисони баландпояи соҳаи меъморӣ ва сохтмон дар заминаи муассисаҳои олии Екатеринбург, аз ҷумла Донишгоҳи федералии Урал баррасӣ шуданд.
АКС: Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






