Тоҷирони тоҷик имкон доранд аз низоми WeBOC истифода намоянд

Октябрь 26, 2024 12:00

ДУШАНБЕ, 26.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тоҷирону соҳибкорони тоҷик, ки аз бандарҳои обии Ҷумҳурии Исломии Покистон тариқи транзит бор интиқол медиҳанд,      тавсия медиҳад, ки бо истифода аз низоми WeBOC аз  Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт»-и Вазорати нақлиёти Тоҷикистон рамзи электронӣ дастрас намуда, борҳоро интиқол диҳанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

WeBOC  низоми электронии барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои молҳои воридотӣ ва содиротӣ буда, он аз ҷониби вазорати савдои Покистон ба давлатҳое, ки  тоҷиронашон аз бандарҳои Покистон истифода мебаранд, пешниҳод гардидааст. Аз  аввали соли 2024 вазорати савдои Покистон бо Вазорати нақлиёти  Тоҷикистон барои ҷудо намудани Мастер ID бо рамз ва утоқи шахсӣ ҳамкорӣ менамояд.

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон феҳристи ягонаи интиқолдиҳандагони дохиливу байналмилалӣ таъсис додааст. Тоҷироне, ки тариқи транзит аз ин масир истифода мебаранд, дар ин низом сабти ном мешаванд. Ин низом якчанд мушкилии ҳамлу нақли транзитии борҳои тоҷирону соҳибкорон, аз ҷумла мушкилӣ вобаста ба маблағи суғуртакунии борҳоро  осон гардонидааст.

АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 26, 2024 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Зеҳни сунъӣ ба яке аз технологияҳои серталабтарини асри рақамӣ аз лиҳози истеъмоли неруи барқ табдил меёбад
Аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба Қазоқистону Русия лимӯ содирот карда мешавад
Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид