«ЗАБОНИ МИЛЛАТ-ҲАСТИИ МИЛЛАТ». Дар «Саноатсодиротбонк» бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ҳамоиш доир гардид
ДУШАНБЕ, 04.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Корхонаи воҳиди давлатии Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон (КВД БССТ) «Саноатсодиротбонк» ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.
Раиси Раёсати Корхонаи воҳиди давлатии Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» Ҳокимшоҳ Бобозода таъкид намуд, ки «забони модарии мо — забони ширину шево ва шоиронаи тоҷикӣ донишу маърифати давоми ҳазорсолаҳо андӯхтаи мардумро дар худ нигоҳ доштааст».
Таъкид гардид, ки гӯётарин далели ҳастии забони тоҷикӣ ва мақоми ҳаётбахши он дар он зоҳир меёбад, ки миллати шарафманди тоҷик таъриху фарҳангу тамаддуни хешро бо ҳамин забон иншо ва дар саҳифаҳои тиллоии таърих сабту ба ҷаҳониён муаррифӣ кардааст.
Дар идомаи ҷаласа меҳмонон оид ба таърих ва бузургдошти забони тоҷикӣ ва хизматҳои шоёни Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифзи забони давлатӣ маърузаҳои илмӣ намуданд.
АКС: Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон (КВД БССТ) «Саноатсодиротбонк»











Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






