«ЗАН-РОҲБАР». Дар минтақаи Рашт барои занони хизматчии давлатӣ машғулият доир гардид

Октябрь 13, 2024 14:30

ДУШАНБЕ, 13.10.2024. /АМИТ «Ховар»/.  Бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Рашт бо ҷалби 30 нафар зани болаёқат- хизматчии давлатии соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва бонкдорӣ машғулияти омӯзишии «Зан-роҳбар» баргузор гардид. Дар ин хусус  АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Машғулият барои занони хизматчии давлатӣ дар доираи амали «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030» доир шуд.

Ҳадафи даври омӯзишии такмили ихтисос, пеш аз ҳама, амалӣ гардонидани сиёсати давлатӣ дар самти кор бо занон ва оила, омода намудани ҷавондухтарон ба зинаҳои роҳбарӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ, фароҳам овардани заминаи мусоид барои ташаккули донишу касб ва маҳорату малака, тақвияти ҳисси масъулиятшиносӣ дар ниҳоди занону духтарони хизматчии давлатӣ ва пешбурди ғояҳои инсондӯстию ватанпарастӣ, ҳифзу эҳтироми арзишҳои миллӣ, инчунин талқини баробарии гендерӣ ва  мубодилаи таҷриба дар ин соҳа мебошад.

Бо мақсади таъмини иштироки ҳарчи бештари занон дар ҳама соҳаҳои гуногуни мамлакат ва ҷалби онҳо ба идоракунии давлатӣ мақомоти қонунгузории мамлакат якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул намудааст. Онҳо барои баланд бардоштани мақом ва манзалати зан дар бунёди ҷомеаи демократӣ нақши муҳим мебозанд.

Дар даври омӯзишии «Зан-роҳбар» занони хизматчии давлатии ноҳияҳои Нуробод, Лахш, Тоҷикобод, Санвор ва Рашт иштиро намуда, соҳиби «Гувоҳнома» гардиданд.

АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Октябрь 13, 2024 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ИҶЛОСИЯИ XVI – ЗАМИНАИ ТАЪРИХИИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ, ҚОНУНИЯТ ВА АДОЛАТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид
‎Дар Норак осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ гардид
АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд