3 ширкати Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии «CIIE-2024» дар Чин маҳсулоташонро ба намоиш гузоштаанд

Ноябрь 7, 2024 17:40

ДУШАНБЕ, 07.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. 5 ноябр дар шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии Мардумии Чин Намоишгоҳи 7-уми байналмилалии маҳсулоти воридотии Чин «CIIE — 2024» оғоз гардид, ки дар он 3 ширкати ватанӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсулоташонро ба намоиш гузоштаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Намоишгоҳи 7-уми байналмилалии маҳсулоти воридотии Чин «CIIE — 2024» аввалин намоишгоҳ оид ба мавзуи воридоти сатҳи миллӣ буда, маротибаи ҳафтум аст, ки дар шаҳри Шанхай баргузор мегардад. Дар асоси консепсияи «Баргузории мукаммали касбии намоишгоҳ» он ба шаш қисм ҷудо гардида, автомобилҳо, маҳсулоти хӯрокворӣ, саноати зеҳнӣ ва технологияҳои иттилоотӣ, молҳои мавриди ниёзи мардум, таҷҳизоти тиббӣ ва маҳсулот барои тандурустӣ ва инчунин хизматрасониро дар бар мегирад.

Майдони намоишгоҳӣ дар масоҳати зиёда аз 360 ҳазор метри мураббаъ ба қисматҳо ва минтақаҳои махсус ҷудо карда шудааст.

Бо дастгирии Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол 3 ширкати ватанӣ- Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Зардолу ва К» дар бахши маҳсулоти хӯрокворӣ, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Рухом» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Асрори санг» дар бахши пешниҳоди хизматрасониҳо дар ин намоишгоҳ иштирок доранд.

Ҳамзамон дар намоишгоҳ маҳсулоти ширкатҳои истеҳсолии ватанӣ ва нӯшокиҳои спиртии «Сиёма», нӯшокиҳои ташнагишикани «Оби Зулол» ва маҳсулоти қаннодии «Амирӣ» ба маърази тамошо пешкаш гардидаанд.

Мақсад аз иштирок дар чунин чорабинии сатҳи ҷаҳонӣ дарёфти бозорҳои нави содиротӣ барои маҳсулоти ватанӣ мебошад, зеро дар ин намоишгоҳ зиёда аз 300 ҳазор нафар аз 150 кишвари ҷаҳон иштирок доранд.

Намоишгоҳи 7-уми байналмилалии маҳсулоти воридотии Чин «CIIE — 2024» то 10 ноябри соли 2024 идома меёбад.

АКС: Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Ноябрь 7, 2024 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Боғпарварони ноҳияи Лахш имсол ҳосили фаровони мева мерӯёнанд
Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»
«Барномаи давлатии рушди маърифат ва фарҳанги экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид