35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Ҳисор се муассисаи таълимӣ бо 1100 ҷойи нишаст ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 09.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор се бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии нав бо 1100 ҷойи нишаст дар деҳаҳои Тӯтака, Зиракӣ ва Тиргарони Ҷамоати деҳоти Алмосӣ ва Ҷамоати деҳоти Дурбат ба истифода дода шуд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад, ки бинои дуошёнаи мактаби нав дар маҳаллаи навбунёди деҳаи Тӯтака бо маблағгузории сокини саховатпешаи деҳа Асадулло Файзуллозода дар замини шахсиаш бо 420 ҷойи нишаст дар ду баст бунёд ёфта, ба он рақами 143 гузошта шуд.
Бинои мактаби деҳаи Зиракӣ аз ҷониби аҳолӣ бо дастгирии соҳибкорон бунёд шуда, аз ду ошёна иборат аст.
Дар деҳаи Тиргарони деҳоти Дурбат сокинони деҳа бо усули ҳашар бинои мактабро, ки аз 8 синфхона иборат аст, сохта, ба фарзандон туҳфа намуданд.
Барои дастрас гардидани масолеҳи сохтмон, мизу курсӣ ва дигар таҷҳизоти хониш Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор мусоидат намуданд. Дар назар аст, ки бо мусоидати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ду муассисае, ки ҳоло ба истифода дода шудаанд, аз ибтидоӣ ба муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ ва як муассиса аз умумии асосӣ ба таҳсилоти миёнаи умумӣ табдил дода шаванд.
Дар маросими ифтитоҳи мактабҳо шодию хурсандии пиру барнои деҳаҳоро интиҳо набуд, чунки то имрӯз фарзандони онҳо барои таҳсил ба мактабҳои деҳаҳои ҳамсоя мерафтанд, ки масофаашон 4-5 километрро ташкил медод.
«Дурии роҳ зимни бориши барфу борон имкон намедод, ки фарзандон сари вақт ба мактаб раванд ва дониши заруриро азхуд намоянд. Акнун, ки таҳсил дар зинаи сеюм ҳатмӣ шудааст, бунёди чунин мактабҳо дар деҳоти дурдаст имкон медиҳад, ки хонандагон то хатми синфи 11 ба таҳсил фаро гирифта шаванд»,- бо хушҳолӣ иброз доштанд сокинони ин деҳаҳо.
АКС:Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад






