Дар шаҳри Тошканд ҷаласаи 81-уми Шурои нақлиёти роҳҳои оҳани мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 11.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон ҷаласаи 81-уми Шурои нақлиёти роҳҳои оҳани мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон».
Дар ҷаласа аз ҷониби роҳбарони маъмуриятҳои роҳҳои оҳани мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва назди Балтика масъалаҳои вобаста ба фаъолияти мунтазаму мураттаби хоҷагидориву молиявии роҳҳои оҳан, сиёсати тарифии интиқолоти байналмилалии бору мусофирон, таҳияи нақшаҳои минбаъдаи ҳамкории маъмуриятҳои роҳҳои оҳан ва як қатор масъалаҳои муҳими соҳавӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ҳамчунин дар доираи ҷаласа вохӯриҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи роҳбарони роҳҳои оҳани мамлакатҳои аъзои ИДМ баргузор гардид, ки дар онҳо аз ҷумла масъалаҳои афзоиши ҳаҷми боркашонї ва сабукиҳо дар хизматрасониҳои роҳи оҳан матраҳ шуданд.

АКС: Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон»








Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд






