Дар шаҳри Тошканд ҷаласаи 81-уми Шурои нақлиёти роҳҳои оҳани мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид

Ноябрь 11, 2024 17:23

ДУШАНБЕ, 11.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон ҷаласаи 81-уми Шурои нақлиёти роҳҳои оҳани мамлакатҳои аъзои  Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон».

Дар ҷаласа аз ҷониби роҳбарони маъмуриятҳои роҳҳои оҳани мамлакатҳои аъзои  Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва назди Балтика масъалаҳои вобаста ба фаъолияти мунтазаму мураттаби хоҷагидориву молиявии роҳҳои оҳан, сиёсати тарифии интиқолоти байналмилалии бору мусофирон, таҳияи нақшаҳои минбаъдаи ҳамкории маъмуриятҳои роҳҳои оҳан ва як қатор масъалаҳои муҳими соҳавӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҳамчунин дар доираи ҷаласа вохӯриҳои  дуҷониба ва бисёрҷонибаи роҳбарони роҳҳои оҳани мамлакатҳои аъзои  ИДМ баргузор гардид, ки дар онҳо аз ҷумла масъалаҳои афзоиши ҳаҷми боркашонї ва сабукиҳо дар хизматрасониҳои роҳи оҳан  матраҳ шуданд.

АКС: Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон»

Ноябрь 11, 2024 17:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Хайринисо Идрисова: «Дастрасӣ ба маблағи гранти президентӣ имкон дод, ки фаъолияти ҳунармандиямро васеъ намоям»
Панҷакент — яке аз аввалин шаҳрҳои Тоҷикистон, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ аз шаҳри аграрӣ ба саноативу аграрӣ табдил ёфт
Дар Душанбе оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 баррасӣ гардид
Дастовардҳои Тоҷикистон дар Форуми иқтисоди рақамии Созмони ҳамкории Шанхай-2025 муаррифӣ гардид
Дар ноҳияи Данғара корхонаи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ сохта мешавад
Имсол дар Бадахшон 45 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ ба фаъолият оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи маҳдуди сатҳи вазирони иқтисоди СҲШ дар Чин иштирок намуд
Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон лоиҳаҳои соҳаи энергетикаро амалӣ менамояд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон татбиқи ташаббуси ҷаҳонии «Global Gateway» баррасӣ гардид
ДАРАИ АЛМОСӢ. Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун мавзеи беназири таърихии кишоварзӣ этироф гардид
Дараи Алмосии шаҳри Ҳисор расман ба феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» ворид карда шуд
Дар Бонки миллӣ бо ҳайати Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид