Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи технологияи пурқувват ва пешрафта иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 06.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода дар Конференсияи байналмилалӣ дар мавзӯи «Технологияи пурқувват ва пешрафта», ки 1 то 5 ноябр дар Ҷумҳурии Мардумии Чин доир гашт, иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар медиҳад.
Қобилҷон Хушвахтзода таъкид намуд, ки дар сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи илм ҷойгоҳи махсусро касб мекунад. Ҳамин аст, ки бо талошу дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкории бисёрҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм бо Ҷумҳурии Мардумии Чин густариши беандоза ёфта истодаанд.
Ҳадаф аз баргузор намудани конфронси мазкур ин пеш аз ҳама густариш додани ҳамкорҳои илмию таҳқиқотӣ дар соҳаи илмҳои технология ва дар истеҳсолот тадбиқ намудани натиҷаи илмии олимони тарафайн мебошад. Ёдовар мешавем, Донишгоҳи Ҷиаотонг Сиан дар пойтахти Чин воқеъ буда, (XJTU) яке аз қадимтарин муассисаҳои таълимии Чин мебошад, ки соли 1896 таъсис ёфтааст.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






