Ҳайати Тоҷикистон дар конфронси минтақавӣ оид ба маблағгузории хатари офатҳои табиӣ ва суғурта дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд

Ноябрь 14, 2024 16:40

ДУШАНБЕ, 14.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. 12-13 ноябр дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар мавзуи «Маблағгузории хатари офатҳои табиӣ ва суғурта дар Осиёи Марказӣ» конфронси минтақавӣ баргузор шуд, ки дар он намояндагони Тоҷикистон иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҳамоиш ҳисоботи Бонки ҷаҳонӣ оид ба маблағгузории устувори давлатӣ аз рӯйи хавфҳои офатҳои табиӣ, пешгирӣ ва идоракунии хавфҳо дар Осиёи Марказӣ муаррифӣ гардид. Иштирокдорон оид ба нақши давлат дар суғуртаи офатҳои табиӣ, ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ ва равандҳои инноватсионии маблағгузории хатарҳо аз офатҳои табиӣ, аз ҷумла тавассути ба роҳ мондани фишангҳои суғуртавӣ табодули назар намуданд.

Ҳадафи баргузории конфронс гирд овардани ҷонибҳои манфиатдор, мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ барои қабули қарорҳои дахлдор бобати баланд бардоштани устувории молиявӣ ба хатарҳои афзояндаи офатҳои табиӣ дар кишварҳои аъзои Осиёи Марказӣ мебошад.

Дар конфронс масъалаҳои мубрами соҳа матраҳ гардида, барои  омӯзиши таҷрибаҳои пешқадам ва равишҳои инноватсионӣ дар самти маблағгузории хавфи офатҳои табиӣ ва суғуртакунии он, инчунин раванди барқарорсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ дар минтақа маводу маълумоти муфид пешниҳод гардид. Табодули таҷрибаи пешқадам бо истифода аз ин мавод метавонад ба рушди босуботи соҳаи суғуртаи Тоҷикистон мусоидат намояд.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Ноябрь 14, 2024 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар вилояти Хатлон ҷамъоварии пахта 40,76 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ зеристгоҳи нави 110 кВ-и «Чубек» ба истифода дода шуд
Дар Туркманистон ҷаласаи 95-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии обии Осиёи Марказӣ доир шуд
«Саноатсодиротбонк» ба натиҷаҳои назарраси молиявӣ ноил гардид
Бунёди зеристгоҳи нави барқии 220 кВ дар шаҳри Душанбе ва таҷдиду навсозии НБО «Варзоб-2» баррасӣ гардид
Дастовардҳои миллии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи кишварҳои ИДМ муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико доир мегардад
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПОЧТА. «Почтаи Тоҷикистон» то соли 2030 ба маркази миллии логистика ва хизматрасониҳои рақамӣ табдил меёбад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.0500 то 10.3276 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Тоҷикистон беш аз 300 тонна пилла истеҳсол гардидааст
Дар Душанбе масъалаи рушди технологияҳои рақамӣ ва ҳифзи кӯдакон дар муҳити рақамӣ баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1600 то 9.2309 сомонӣ муқаррар шудааст