Ҳайати Тоҷикистон дар конфронси минтақавӣ оид ба маблағгузории хатари офатҳои табиӣ ва суғурта дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 14.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. 12-13 ноябр дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар мавзуи «Маблағгузории хатари офатҳои табиӣ ва суғурта дар Осиёи Марказӣ» конфронси минтақавӣ баргузор шуд, ки дар он намояндагони Тоҷикистон иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҳамоиш ҳисоботи Бонки ҷаҳонӣ оид ба маблағгузории устувори давлатӣ аз рӯйи хавфҳои офатҳои табиӣ, пешгирӣ ва идоракунии хавфҳо дар Осиёи Марказӣ муаррифӣ гардид. Иштирокдорон оид ба нақши давлат дар суғуртаи офатҳои табиӣ, ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ ва равандҳои инноватсионии маблағгузории хатарҳо аз офатҳои табиӣ, аз ҷумла тавассути ба роҳ мондани фишангҳои суғуртавӣ табодули назар намуданд.
Ҳадафи баргузории конфронс гирд овардани ҷонибҳои манфиатдор, мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ барои қабули қарорҳои дахлдор бобати баланд бардоштани устувории молиявӣ ба хатарҳои афзояндаи офатҳои табиӣ дар кишварҳои аъзои Осиёи Марказӣ мебошад.
Дар конфронс масъалаҳои мубрами соҳа матраҳ гардида, барои омӯзиши таҷрибаҳои пешқадам ва равишҳои инноватсионӣ дар самти маблағгузории хавфи офатҳои табиӣ ва суғуртакунии он, инчунин раванди барқарорсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ дар минтақа маводу маълумоти муфид пешниҳод гардид. Табодули таҷрибаи пешқадам бо истифода аз ин мавод метавонад ба рушди босуботи соҳаи суғуртаи Тоҷикистон мусоидат намояд.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
ПУЛИ МИЛЛӢ –«СОМОНӢ». Банкнотаҳои он на танҳо воситаи пардохт, балки бозтоби таърих, фарҳанг, дастовардҳо ва ҳувияти миллии Тоҷикистон мебошанд
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ АСЪОРИ МИЛЛӢ. Эҳтироми пули миллӣ эҳтироми миллат аст!
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2165 сомонӣ муқаррар шудааст






