Ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чин бо фаъолияти Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» шинос гардид

Ноябрь 26, 2024 10:59

ДУШАНБЕ, 26.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи Форуми байналмилалии сармоягузории «Дурнамои рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мушовири Сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба масъалаҳои тиҷоратию иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сун Хэ ва ҳамроҳонаш бо шароити Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» аз наздик шинос гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» иттилоъ доданд.

Роҳбари маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» оид ба имконияти сармоягузорӣ, мавқеи ҷуғрофӣ, инфрасохтори нақлиётӣ, имтиёзҳои пешниҳоднамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои муҳим маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Аз ҷониби мушовири Сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба масъалаҳои тиҷоратию иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷалби сармояи Чин бобати татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузорӣ ҳавасмандӣ зоҳир карда шуд.

АКС: Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб»

Ноябрь 26, 2024 10:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
Дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт идома дорад
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид