Ҷаласаи гурӯҳи коршиносон оид ба ташкили бозори минтақавии неруи барқи мамлакатҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 28.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 27 ноябр дар Душанбе бо ташаббуси Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Созмони ҳамкории иқтисодӣ ҷаласаи 2-юми Гурӯҳи коршиносон оид ба ташкили бозори минтақавии неруи барқи мамлакатҳои иштирокчии Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ECO-REM) баргузор шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати энергетика ва захираҳои об хабар доданд, дар ҷаласа намояндагони давлатҳои Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Туркия ва Эрон иштирок доранд.
Муовини Вазири энергетика ва захираҳои об Шарифа Худобахш иброз дошт, ки муколамаи имрӯза ба мо имкон медиҳад на танҳо ба ҳадафҳои гузошта расем, балки устуворӣ ва самаранокии низоми энергетикии худро дар шароити ҷаҳони зудтағйирёбанда ҳифз кунем.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои иқтидори бузурги гидроэнергетикӣ буда, дар ин замина сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо иқтидори 3780 МВт идома дорад. Бо пурра мавриди истифода қарор гирифтани неругоҳ миқдори муайяни неруи барқи истеҳсолшуда ба давлатҳои минтақа содирот карда мешавад.
Дар ҷаласа «Лоиҳаи харитаи роҳи бозори минтақавии барқи ECO» муаррифӣ гардид.
Ҷаласаи 2-юми гурӯҳи коршиносон оид ба ташкили бозори минтақавии неруи барқи мамлакатҳои иштирокчии Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ECO-REM) имрӯз идома меёбад.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон








Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






