Алишер Идизода муовини якуми раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон интихоб гардид

Ноябрь 18, 2024 21:57

ДУШАНБЕ, 18.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 18 ноябри соли 2024 ҷаласаи сеюми Шурои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз  Ҳизби демократи Тоҷикистон хабар доданд.

Дар рӯзномаи ҷаласа масъалаҳои фаъолияти ҳизб то имрӯз ва дигар масъалаҳо, аз ҷумла  пешниҳоди номзадҳо ба вазифаи муовини якум ва муовини раиси ҳизб, раёсати созмонҳо ва аъзои Шурои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон мавриди муҳокимаи ҳамаҷониба  қарор гирифтанд.

Бо назардошти масъалаҳои болозикр ва ҳамовозии одилонаи аъзои Шурои сиёсии ҳизб  Алишер Идизода  муовини якуми раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон ва  Фатҳиддин Солеҳов раиси созмони  Ҳизби демократи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва  аъзои Шурои сиёсӣ таъйин гардиданд.

Инчунин дар баъзе раёсатҳои Ҳизби демократи Тоҷикистон тағйирот ворид карда шуд. Аз ҷумла Мурассаъ Наврӯзқулов — Раиси созмони Ҳизби демократи Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  ва Суннатулло Усмонов  раиси созмони ҷавонони Ҳизби демократи Тоҷикистон таъйин гардиданд. Дар ин баробар дар якчанд созмонҳои шаҳриву ноҳиявии ҳизб низ роҳбарони нав интихоб карда шуданд.

Дар рафти ҷаласа таъкид гардид, ки кадрҳои навтаъйин бояд ба ормонҳои ҳизб содиқ бошанд ва дар  таъмини иҷрои барномаҳои  ҳизб нақши муассир гузоранд.

Хотиррасон бояд намуд, ки протоколҳои дар анҷоми ҷаласаи Шурои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон ба имзо расида, тибқи тартиб ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегарданд.

АКС: Ҳизби демократи Тоҷикистон

Ноябрь 18, 2024 21:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд