Антониу Гутерриш изҳор дошт, ки соли 2025 метавонад гармтарин сол дар таърихи инсоният гардад

Ноябрь 14, 2024 13:27

ДУШАНБЕ, 14.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Соли оянда метавонад гармтарин сол дар таърихи инсоният гардад. Дар ин хусус Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш дар ҳошияи Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи чаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP29) дар Боку изҳори назар намуд, хабар медиҳад РИА «Новости».

«Соли 2024 нишон дод, ки офатҳои иқлимӣ ҳодисаи маъмулӣ гардидаанд. Соли оянда шояд гармтарин сол дар таърих шавад. Дар баъзе давлатҳо ҳарорати ҳавое муқаррар шудааст, ки аз ҳадди тобоварии инсон зиёдтар мебошад. Ва мо дар саросари ҷаҳон шоҳиди боронҳо ва тӯфонҳои рекордӣ, сӯхтор ва хушксолиҳои марговар будем», — гуфт роҳбари созмони ҷаҳонӣ.

Антониу Гутерриш ба он ишора намуд, ки ҳоло, дар давраи офатҳои иқлимӣ, низомҳои огоҳсозии пешакӣ ва муҳофизаткунанда аз гармои шадид ба омили зарурӣ табдил ёфтаанд.

«Ҳама кор бояд фавран, пеш аз фаро расидани мавҷи навбатии гармӣ анҷом дода шавад. Тақрибан нисфи давлатҳои ҷаҳон бо низомҳои огоҳкунии пешакӣ оид ба хатарҳои гуногун фаро гирифта нашудаанд. Аксаран маълумоти асосӣ барои сохтани ин низомҳо дастрас нест. Ба ҳисоби миёна, кишварҳои сусттараққикарда ва давлатҳои хурди рӯ ба тараққӣ камтар аз 10 фоизи маълумотеро доранд, ки барои таъсиси низомҳои босамари огоҳкунанда зарур мебошанд. Мо бояд ба таври фаврӣ амал намоем»,- илова намуд Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид.

Антониу Гутерриш таъкид намуд, ки барои ин дастгирии сатҳи баланди сиёсӣ дар дохили давлатҳо, ҳамчунин густариш додани ҳамкорӣ ва афзоиши дастгирии фаннӣ зарур мебошад.

АКС аз манбаъҳои боз

Ноябрь 14, 2024 13:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа