Ҳар сол дар баъзе мавзеъҳои Бадахшон то 150 ҳолати фаромадани тарма сабт мешавад
ДУШАНБЕ, 28.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ҳар сол дар ағбаи Кӯҳтезак, роҳи Лангар- Харгушии ноҳияи Ишкошим ва қисмати деҳаҳои Ғ. Шаҳбозови ноҳияи Шуғнон фаромадани то 150 тарма сабт мешавад. Дар ин хусус Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот 27 ноябр зимни ҷаласаи корӣ «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025» иттилоъ дод.
Тавре дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ҷаласа пешниҳоди харитаи ҷобаҷогузории техника ва тасдиқи қоидаҳои ташкил ва истифодаи манбаъҳои захираҳои моддӣ барои рафъи ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Таъмини аҳолии вилоят бо неруи барқ дар фасли зимистон, таъмини муасисаҳои таълимии ҳудуди вилоят бо гармӣ, дастрасии аҳолии ҷамоатҳои дурдаст бо маводи озуқаворӣ ва маҳсулоти мавриди ниёзи аввал яке аз масъалаҳои муҳим дар давраи сармо мебошад. Инчунин назорати пурраи алоқаи мобилӣ ва ташкили алоқаи интернетиву мобилӣ дар деҳаҳои дурдаст, таъмини муассисаҳои соҳаи иҷтимоӣ, аз ҷумла тандурустӣ бо қувваи барқ ва омодагии пурраи хоҷагии ҷангал дар ин давра аз масъалаҳои муҳим арзёбӣ гардиданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон








Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид






