Ҳар сол дар баъзе мавзеъҳои Бадахшон то 150 ҳолати фаромадани тарма сабт мешавад

Ноябрь 28, 2024 11:33

ДУШАНБЕ, 28.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ҳар сол дар ағбаи Кӯҳтезак, роҳи Лангар- Харгушии ноҳияи Ишкошим ва қисмати деҳаҳои Ғ. Шаҳбозови ноҳияи Шуғнон фаромадани то 150 тарма сабт  мешавад. Дар ин хусус Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот 27 ноябр зимни ҷаласаи корӣ «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025» иттилоъ дод.

Тавре дар   Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ҷаласа пешниҳоди харитаи ҷобаҷогузории техника ва тасдиқи қоидаҳои ташкил ва истифодаи манбаъҳои захираҳои моддӣ барои рафъи ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Таъмини аҳолии вилоят бо неруи барқ дар фасли зимистон, таъмини муасисаҳои таълимии ҳудуди вилоят бо гармӣ, дастрасии аҳолии ҷамоатҳои дурдаст бо маводи озуқаворӣ ва маҳсулоти мавриди ниёзи аввал яке аз масъалаҳои муҳим дар давраи сармо мебошад. Инчунин назорати пурраи алоқаи мобилӣ ва ташкили алоқаи интернетиву мобилӣ дар деҳаҳои дурдаст, таъмини муассисаҳои соҳаи иҷтимоӣ, аз ҷумла тандурустӣ бо қувваи барқ ва омодагии пурраи хоҷагии ҷангал дар ин давра аз масъалаҳои муҳим арзёбӣ гардиданд.

 АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 

Ноябрь 28, 2024 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст
Дар дарёи Ёхсу корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд
Огоҳӣ! Дар Тоҷикистон ҳавои гарму хушк пешгӯӣ мешавад
Ҷавонони тоҷик дар Форуми ҷавонони Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуданд
Дар моҳи дуюми тобистон Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронс доир намуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд
Дар Душанбе вобаста ба иҷрои Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим ҷаласа баргузор гардид
Дар Душанбе Конфронси ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Ваҳдат – мароми модарон» баргузор шуд
Дар Душанбе вобаста ба хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳуқуқи соҳибкорон конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид
Сафари Корвони «Модарони ваҳдатсаро» ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оғоз гардид