Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ навсозӣ гардид
ДУШАНБЕ, 13.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ (8 ноябри соли 2024) дар Ҷамоати шаҳраки Гулистони ноҳия Қасри фарҳанг бо усули муосири меъморӣ навсозӣ гардида, ба истифода дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давалтии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ хабар доданд.
Иншоот бахшида ба 35 — солагии Истиқлолияти давлатӣ бо сатҳу сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи фаъолияти соҳа бо таҷҳизоти муосир таъмин гардидааст.
Иттилоъ дода шуд, ки корҳои сохтмонӣ дар иншоот 8 моҳ идома ёфта, ба он 40 мутахассису сохтмончии маҳаллӣ ҷалб гардидаанд.
Бинои Қасри фарҳанг дорои 300 ҷойи нишаст буда, бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба маблағи 2 миллиону 500 ҳазор сомонӣ навсозӣ гардид. Минбаъд дар ин бинои хуштарҳу муосир имкон фароҳам мегардад, ки ҳама чорабиниҳои маърифативу фарҳангӣ дар сатҳи баланд гузаронида шаванд.
Ёдовар мешавем, ки китобхонаи Қасри фарҳанг низ бозсозӣ гардида, дар он 6961 нусха китобу адабиёти тозанашр ҷамъ оварда шудаанд. Минбаъд хонандагон ва сокинон метавонанд аз ин китобхона самаранок истифода баранд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ








Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд






