Аз ҷониби Маркази омӯзиши пиряхҳо дар пиряхи Зарафшон экспедитсияи илмӣ-таҳқиқотӣ гузаронида шуд

Ноябрь 18, 2024 17:26

ДУШАНБЕ, 18.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби мутахассисони Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар пиряхи Зарафшон экспедитсияи илмӣ – таҳқиқотӣ гузаронида шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар ин марказ.

Ин аввалин экспедитсияи илмӣ–таҳқиқотии марказ дар пиряхи Зарафшон буда, аз ҷониби олимон дар қисмати забонаи пирях пойгоҳи худкори метеорологӣ, ки барои шароити сангини кӯҳистон таҳия шудааст, насб гардид. Инчунин минтақаи мувофиқ барои амалӣ намудани бошишгоҳи илм-истеҳсолӣ интихоб ва шароити геологию гидрорологии он омӯхта шуд.

Дар раванди омӯзиши шароити ташаккули кӯлҳои пиряхӣ дар қисмати забонаи пирях коҳишёбии пирях омӯхта шуда, харитаҳои онҳо таҳия ва кӯлҳо таҳти назорат гирифта шуданд. Намунаи ях, барф ва обҳои ҷоришаванда барои ташхис ба лабораторияи изотопии Маркази омӯзиши пиряхҳо дастрас карда шуд.

Мавриди ёдоварӣ аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзномаи оби ҷаҳонро пеш мебарад. Аз ҷумла, бо ибтикори Тоҷикистон Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид соли 2025-ро Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва солҳои 2025-2034-ро  «Даҳсолаи амал оид ба дастгирӣ аз илмҳои яхшиносӣ» эълон намудааст.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 12 ноябри соли равон дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбайҷон зимни суханронӣ дар ҳошияи Конфронси 29-уми тарафҳои конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим пешниҳод намуданд, ки бо мақсади омӯзиши дақиқи таъсири тағйирёбии иқлим ба пиряхҳои минтақа бо сарпарастии Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ ва дар ҳамкорӣ бо дигар шарикони рушд дар шаҳри Душанбе Маркази ҳамоҳангсозии минтақавӣ оид ба яхшиносӣ таъсис дода шавад.

АКС: Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Ноябрь 18, 2024 17:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд