Таҷлили ҷашнҳои пурифтихор дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон»

Ноябрь 15, 2024 17:29

ДУШАНБЕ, 15.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ба ифтихори Рӯзи Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди навбатии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» бо иштироки роҳбарият, масъулин ва ҳайати кормандони ин корхона ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба корхонаи «Роҳи оҳани Тоҷикистон» иттилоъ доданд.

Дар ҷамъомади тантанавӣ таъкид карда шуд, ки 6 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд вакилони мардумӣ ҷамъ омаданд ва Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он намояндагони мардумӣ якдилона муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси Раиси Шурои Олӣ интихоб намуданд. Пас аз Иҷлосия муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти пурмаҳсули худро оғоз намуда, бо далериву ҷонфидоиҳо ва истеъдоди фавқулода дар таърихи муосири давлатдорӣ таҳаввулоти азиму сарнавиштсозро амалӣ намуданд.


«Бо назардошти ин рӯйдодҳои таърихӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 14 майи соли 2016 инҷониб дар мамлакат 16 ноябр Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шуда, мардуми мамлакат онро бо сарбаландӣ ва ифтихор таҷлил менамоянд», — иброз гардид дар ҷамъомад.

Гуфта шуд, ки аз рӯзи оғози ин марҳилаи таърихӣ Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талошҳои  худро пурра  ба ҳифзи манфиатҳои давлату миллат ва татбиқи ормону ҳадафҳои умумимиллӣ равона намуда, роҳи инкишофи давлати Тоҷикистонро муайян ва дар мамлакат сохти конститутсионӣ, сулҳу субот, ҷомеаи ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявиро барқарор намуданд.

АКС: Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон»

Ноябрь 15, 2024 17:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд