Бахшида ба 125-солагии Фазлиддин Шаҳобов маҳфил баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 01.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба 125-солагии мутриб, сароянда ва оҳангсози маъруфи тоҷик, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдулоҳи Рӯдакӣ Фазлиддин Шаҳобов бо ибтикори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» маҳфили фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Дар ҳамоиш иброз гардид, ки номи Фазлиддин Шаҳобов то абад дар саҳифаи таърихи ташаккули мусиқии тоҷик боқӣ мемонад, зеро фаъолияти пурсамари ҷамъиятӣ, мусиқӣ-маърифатӣ, композиторӣ ва иҷрокунандагии ӯ дар фарҳанги мусиқии тоҷик нақши амиқ гузоштааст.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми ин ҳунарманди асилро ба эътибор гирифта, соли 2000 ба Ансамбли давлатии «Шашмақом»-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон номи ӯро гузошт.
Доктори илми санъатшиносӣ Аслиддин Низомӣ иброз дошт, ки «таҳқиқи назокат ва маҳорати танбӯрнавозии устод Фазлиддин Шаҳобов бояд ояндаи наздик чун мавзуи хоссаи илмӣ баррасӣ гардад. Зеро имрӯз ҳунари шашмақом ба чунин мутрибони нозукадо хеле ниёз дорад ва дар ин савия ҳоло ҳунарваре ба мисли ин устод ба арсаи эҷод наомадааст. Маҳорати Фазлиддин Шаҳобов чӣ дар Тоҷикистон ва чӣ дар Узбекистон феълан чун қуллаи дастнорас ва фатҳнашаванда боқӣ мондааст».
«Нақш ва мақоми устоди забардасту нотакрори мусиқӣ Фазлиддин Шаҳобов бо ҳунару асар ва хизматҳои барҷастааш ҳамроҳи ин миллату ин санъат- шашмақом садсолаҳо, балки ҳамеша зинда хоҳад монд»,-иброз шуд дар маҳфили фарҳангӣ-фароғатӣ.
АКС: АМИТ «Ховар»








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид






