Бахшида ба 125-солагии Фазлиддин Шаҳобов маҳфил баргузор гардид

Ноябрь 1, 2024 18:39

ДУШАНБЕ, 01.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба 125-солагии мутриб, сароянда  ва оҳангсози маъруфи  тоҷик, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдулоҳи Рӯдакӣ Фазлиддин Шаҳобов бо ибтикори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» маҳфили фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гардид,  иттилоъ  медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Дар ҳамоиш иброз гардид, ки номи Фазлиддин Шаҳобов то абад дар саҳифаи таърихи ташаккули мусиқии тоҷик  боқӣ мемонад, зеро фаъолияти пурсамари ҷамъиятӣ, мусиқӣ-маърифатӣ, композиторӣ ва иҷрокунандагии ӯ дар фарҳанги мусиқии тоҷик нақши амиқ гузоштааст.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми ин ҳунарманди асилро  ба эътибор гирифта, соли 2000 ба Ансамбли давлатии «Шашмақом»-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон номи ӯро гузошт.

Доктори илми санъатшиносӣ Аслиддин Низомӣ иброз дошт, ки «таҳқиқи назокат ва маҳорати танбӯрнавозии устод Фазлиддин Шаҳобов бояд ояндаи наздик чун мавзуи хоссаи илмӣ баррасӣ гардад. Зеро имрӯз ҳунари шашмақом ба чунин мутрибони нозукадо хеле ниёз дорад ва дар ин савия ҳоло ҳунарваре ба мисли ин устод ба арсаи эҷод наомадааст. Маҳорати Фазлиддин Шаҳобов чӣ дар Тоҷикистон ва чӣ дар Узбекистон феълан чун қуллаи дастнорас ва фатҳнашаванда боқӣ мондааст».

«Нақш ва мақоми устоди забардасту нотакрори мусиқӣ Фазлиддин Шаҳобов бо ҳунару асар ва хизматҳои барҷастааш ҳамроҳи ин миллату ин санъат- шашмақом садсолаҳо, балки ҳамеша зинда хоҳад монд»,-иброз шуд дар маҳфили фарҳангӣ-фароғатӣ.

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 1, 2024 18:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад