Бахшида ба Рӯзи Президент дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиш доир шуд

Ноябрь 15, 2024 16:44

ДУШАНБЕ, 15.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо иқдоми Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди навбатии иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин ниҳод.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Умед Бобозода аз дастовардҳои бузурги даврони соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии хирадмандона ва созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва солгарди навбатии иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуд.

Имрӯзҳо Сарвари давлати тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахсияти муътабар, созандаву сулҳовар ва ходими намоёни давлатию сиёсӣ мешиносанд.

Таъкид гардид, ки хизматҳои шоистаи Сарвари давлатро дар роҳи эҳёи давлати миллӣ ва саҳми бузургашонро дар барқарор кардани сулҳу ваҳдати миллӣ ба назар гирифта, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон унвони «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» сазовор дониста шуд.

Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки бо гузаштан ба шакли идораи президентӣ ва саъю кӯшиши Пешвои миллат мамлакат рӯ ба ободӣ овард. Чор ҳадафи муҳими стратегии мамлакат, яъне таъмини амнияти озуқаворӣ, ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат аз ташаббусҳои Сарвари давлат мебошанд.

 АКС: Хадамоти матбуоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 15, 2024 16:44

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд