Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсӣ-адабӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 14.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. 13 ноябр дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар доираи баргузории ташаббуси ҷумҳуриявии «Тоҷикистон бо Пешвои миллат, ба пеш!» бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ—адабӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ иттилоъ доданд.
Дар ҳамоиш таъкид шуд, ки Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ бо назардошти ҳадафҳои олии давлати соҳибистиқлол дар давраи басе душвори сиёсиву низомӣ бо мақсади таъмини ҳарчи зудтари сулҳу оромӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, аз хатари нобудӣ эмин нигоҳ доштани давлат ва аз парокандагӣ раҳоӣ бахшидани миллат, ҳифзи якпорчагии давлати мустақили тоҷикон, муҳайё намудани шароит барои барқарор намудани иқтисодиёти бар асари ҷанги шаҳрвандӣ харобгашта ва рушди минбаъдаи Тоҷикистон даъват шуда буд.
Иброз гардид, ки Тоҷикистон танҳо соли 2000 ба марҳилаи рушд ворид шуд. Ислоҳот дар тамоми соҳаҳо барои барқарор ва мукаммал гардонидани низоми идоракунии давлат, дигаргунсозиҳои сохторӣ, таъмини гуногуншаклии моликият, фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳибкориву сармоягузорӣ, ташаккул додани низоми миллии буҷету андоз ва пуливу қарзӣ, рушди соҳаҳои воқеии иқтисод ва инкишофи бахши иҷтимоӣ тадбирҳои самарабахши идомаи мантиқии ибтикори ба сифати Роҳбари мамлакат амалинамудаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб мешаванд.
Дар идомаи ҳамоиш гуфта шуд, ки Иҷлосияи ғайринавбатии XVI Шурои Олӣ дар шаҳри Хуҷанд умед дар айёми ноумедиҳо буд. Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи миллат ва давлатсозии тоҷикон абадӣ боқӣ мемонад. Дар ҳама давру замон дар идораи давлату рушди ҷомеа ва ояндаи пойдору устувори он роҳбарони фозилу хирадманде зарур буданд, ки ҷомеаро бо андешаҳои бунёдӣ сӯи эҳё ва ташаккул бурда, дар заминаи ҳофизаи таърихӣ давлатдориро таҳким бахшанд.
Инчунин иштирокчиён таъкид намуданд, ки интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин ниҳоди давлатӣ руҳ ва маънои бузург бахшид, мақоми президентиро ба ниҳоди наҷотдиҳандаи давлат ва сарҷамъии миллат табдил дод.
Дар фарҷоми ҳамоиш ба якчанд корманди Маркази саломатии шаҳрии №1, ки ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пайваст шудаанд, шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.
Инчунин ба якчанд роҳбари ташкилоти ибтидоӣ ва фаъолони ҳизб, ки дар амалишавии ҳадафҳои оинномавӣ ва барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон саҳм гузоштаанд, Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардиданд.
АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон








Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд






