Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсӣ-адабӣ баргузор гардид

Ноябрь 14, 2024 16:20

ДУШАНБЕ, 14.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. 13 ноябр дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар доираи баргузории ташаббуси ҷумҳуриявии «Тоҷикистон бо Пешвои миллат, ба пеш!» бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣадабӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ иттилоъ доданд.

Дар ҳамоиш таъкид шуд, ки Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ бо назардошти ҳадафҳои олии давлати соҳибистиқлол дар давраи басе душвори сиёсиву низомӣ бо мақсади таъмини ҳарчи зудтари сулҳу оромӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, аз хатари нобудӣ эмин нигоҳ доштани давлат ва аз парокандагӣ раҳоӣ бахшидани миллат, ҳифзи якпорчагии давлати мустақили тоҷикон, муҳайё намудани шароит барои барқарор намудани иқтисодиёти бар асари ҷанги шаҳрвандӣ харобгашта ва рушди минбаъдаи Тоҷикистон даъват шуда буд.

Иброз гардид, ки Тоҷикистон танҳо соли 2000 ба марҳилаи рушд ворид шуд. Ислоҳот дар тамоми соҳаҳо барои барқарор ва мукаммал гардонидани низоми идоракунии давлат, дигаргунсозиҳои сохторӣ, таъмини гуногуншаклии моликият, фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳибкориву сармоягузорӣ, ташаккул додани низоми миллии буҷету андоз ва пуливу қарзӣ, рушди соҳаҳои воқеии иқтисод ва инкишофи бахши иҷтимоӣ тадбирҳои самарабахши идомаи мантиқии ибтикори ба сифати Роҳбари мамлакат амалинамудаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб мешаванд.

Дар идомаи ҳамоиш гуфта шуд, ки Иҷлосияи ғайринавбатии XVI Шурои Олӣ дар шаҳри Хуҷанд умед дар айёми ноумедиҳо буд. Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи миллат ва давлатсозии тоҷикон абадӣ боқӣ мемонад. Дар ҳама давру замон дар идораи давлату рушди ҷомеа ва ояндаи пойдору устувори он роҳбарони фозилу хирадманде зарур буданд, ки ҷомеаро бо андешаҳои бунёдӣ сӯи эҳё ва ташаккул бурда, дар заминаи ҳофизаи таърихӣ давлатдориро таҳким бахшанд.

Инчунин иштирокчиён таъкид намуданд, ки интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин ниҳоди давлатӣ руҳ ва маънои бузург бахшид, мақоми президентиро ба ниҳоди наҷотдиҳандаи давлат ва сарҷамъии миллат табдил дод.

Дар фарҷоми ҳамоиш ба якчанд корманди Маркази саломатии шаҳрии №1, ки ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пайваст шудаанд, шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.

Инчунин ба якчанд роҳбари ташкилоти ибтидоӣ ва фаъолони ҳизб, ки дар амалишавии ҳадафҳои оинномавӣ ва барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон саҳм гузоштаанд, Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардиданд.

АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

Ноябрь 14, 2024 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2025» татбиқ мегардад
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ ОИЛА. Он барои таҳким бахшидани пояҳои оиладорӣ таҳия гардидааст
Бо занону фаъолони ноҳияи Айнӣ оид ба пойдор нигоҳ доштани оилаҳо вохӯрӣ доир гардид
Ба сокинони шаҳри Турсунзода масъалаи танзими ҷашну маросим фаҳмонида шуд
Дар Австралия истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои наврасони то 16-сола манъ карда шуд
Дар Тоҷикистон лоиҳа оид ба таъмини микронутриентҳо ва иловаҳои витаминӣ ба инсон амалӣ мешавад
Ҷаласаи шашуми Шурои иттифоқҳои касабаи давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Оид ба таҳкими ҳамкории бисёрҷониба дар самти муқовимат бо ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои мухталифи хатарзо конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Ҳар сол дар баъзе мавзеъҳои Бадахшон то 150 ҳолати фаромадани тарма сабт мешавад
Дар Тоҷикистон ҷарроҳони чинӣ кӯдакону наврасонро аз ташхиси ройгон гузарониданд
Дар вилояти Хатлон давоми ду рӯз бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон беш аз 30 иншооти таъйиноти гуногун ифтитоҳ карда шуд
Тоҷикистон ва Амрико ҳамкориро дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ густариш медиҳанд