Байни «Тоҷикаэронавигатсия» ва Бюрои минтақавии идоракунии ҳаракати ҳавоӣ дар минтақаи Шинҷони Чин Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 07.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Байни Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» ва Бюрои идоракунии ҳаракати ҳавоӣ дар минтақаи Шинҷон дар доираи вохӯрии 5-уми ҳамоҳангсозии низомҳои алоқа, навигатсия ва назорат барои идоракунии ҳаракати ҳавоӣ (CNS/ATM)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин Протоколи вохӯрӣ ва Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Тоҷикаэронавигатсия» итттилоъ медиҳад.
Протоколи ҷаласа аз ҷониби директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» Лоиқ Бегиҷонзода ва муовини директори генералии Бюрои идоракунии ҳаракати ҳавоӣ (ATMB)-и Маъмурияти авиатсияи граждании Чин Миао Сюан, Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» аз ҷониби директори он Лоиқ Бегиҷонзода ва Бюрои минтақавии идоракунии ҳаракати ҳавоӣ дар минтақаи Шинҷони Маъмурияти авиатсияи граждании Чин аз ҷониби директори генералии ин бюро Лю Вэнчи ба имзо расид.
Ёддошти тафоҳум ба рушд ва таҳкими ҳамкорӣ байни Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» ва Бюрои минтақавии идоракунии ҳаракати ҳавоии Шинҷон нигаронида шуда, ҳамзамон он ба таъсиси шарикӣ ва рушди ҳамкории дарозмуддати стратегӣ дар соҳаи хизматрасонии аэронавигатсионии ду давлат мусоидат менамояд.


Дар доираи ин санадҳо мубодилаи мутақобили таҷриба дар соҳаи идоракунии ҳаракати ҳавоӣ, таъминоти радиотехникии парвозҳо, метеорологияи авиатсионӣ, идоракунии фазои ҳавоӣ ва технологияҳои иттилоотӣ, такмили ихтисос ва омӯзиши кормандон, аудитҳои дохилӣ оид ба масъалаҳои Низоми идораи бехатарии парвозҳо ва Низоми менеҷменти сифат, таҳкиму рушди муштараки хатсайрҳои хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ, табодули маълумоти дахлдор оид ба ҳаракати ҳавопаймоҳо байни марказҳои таъмини хизматрасонии ҳаракати ҳавоии Душанбе ва Урумчӣ пешбинӣ гардидааст.
Вохӯрии 5-уми ҳамоҳангсозии низомҳои алоқа, навигатсия ва назорат барои идоракунии ҳаракати ҳавоӣ (CNS/ATM)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар шаҳри Урумчӣ баргузор гардид. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҷаласаи 6-уми ҳамоҳангсозиро байни Чин ва Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир намоянд.
АКС: Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия»








Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд
Дар шаҳри Гулистон ҳамоиши байналмилалии геологӣ ва конфронси «Micromine-2026» баргузор гардид
Дар Мурғоб стансияи худкори обуҳавосанҷӣ насб гардид
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар татбиқи босамари он саҳми назаррас гузорем






