Барномаи рушди соҳаи механиконии инноватсионии кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 30.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. 29 ноябр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар кори он «Барномаи рушди соҳаи механиконии инноватсионии кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029» мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Таъкид гардид, ки вазифаҳои асосии барнома, ки дар асоси талаботи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» таҳия гардидаанд, аз муҳайё намудани заминаи асосии рушди устувори механиконии соҳаи кишоварзӣ ва дар маҷмуъ рушди ин соҳаи мамлакат иборат мебошанд.
Тибқи гузориши Вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Қурбон Ҳакимзода, дар барнома роҳҳои механиконии чорабиниҳои агротехникии парвариши растаниҳо ва чорводории муосири кишоварзӣ, аз ҷумла тавассути инноватсия ва истифодаи техникаи муштараки кишоварзӣ, ки метавонанд якчанд амалиёти технологиро дар як вақт иҷро карда, мушкилоти соҳаро ҳал намоянд, нишон дода шудаанд.
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо барои иҷрои саривақтӣ ва пурсамари барнома ва ба ин восита афзун намудани маҳсули соҳаи кишоварзӣ ва ҳиссаи он дар рушди иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
Дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт идома дорад
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад






