Бонки миллии Тоҷикистон вазъи бозори дохилии асъор ва сиёсати қурбиро шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 30.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади шарҳи вазъи бозори дохилии асъор ва лаппишнокии қурби асъор дар рӯзҳои охир ба таваҷҷуҳи субъектҳои хоҷагидорӣ ва аҳолӣ мерасонад, ки вазъият дар бозори дохилии асъори Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои охир бо назардошти таъсири омилҳое, ки ба тағйирёбии ҳолат дар арсаи геосиёсӣ алоқаманданд, арзёбӣ мегардад.
Тағйирёбии қурби сомонӣ нисбат ба асъори хориҷӣ дар ин давра зери таъсири омилҳои берунӣ ва дохилӣ, аз ҷумла устувор шудани доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико нисбат ба асъори давлатҳои рӯ ба инкишоф, якбора коҳиш ёфтани қурби рубли русӣ нисбат ба доллари ИМА, бинобар авҷ гирифтани муноқишаҳои геосиёсӣ ва иқтисодӣ дар рӯзҳои охир ва дигар омилҳо қарор дорад. Дар натиҷа чунин омилҳо сабаби ба вуҷуд омадани номуайяниҳо дар бозорҳои асъории минтақа гардидаанд.
Мутобиқи «Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024 ва давраи миёнамуҳлат» давоми соли равон сиёсати қурбии ба реҷаи «шинокунандаи танзимшаванда, бе муайян ва эълон кардани ҳудудҳои тағйирёбии қурб» асосёфта татбиқ мегардад. Тибқи реҷа, қурби пули миллӣ дар асоси таносуби талабот ва пешниҳоди асъори хориҷӣ дар бозори дохилӣ муқаррар гардида, Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳолатҳои аз эътидол зиёд тағйир ёфтани қурб ба вазъи бозори дохилии асъор дахолат менамояд.
Вобаста ба ҳолати бавуҷудомада Бонки миллии Тоҷикистон ин тағйирёбӣ ва лаппишнокиҳои муваққатиро дар бозори асъор зери мушоҳида ва таҳлили мунтазам қарор дода, барои таъмин кардани суботи бозори дохилии асъор ва муътадил нигоҳ доштани қурби пули миллӣ воситаю имконият ва захираҳои заруриро доро мебошад.
Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зарурӣ онҳоро истифода менамояд.
АКС: Шуъбаи матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
Дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт идома дорад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1010 то 0.1126 сомонӣ муқаррар гардидааст
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ Фестивали саводнокии молиявӣ гузаронида шуд
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд






