Дар «Амонатбонк» бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид

Ноябрь 4, 2024 13:25

ДУШАНБЕ, 04.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Конститутсияи Тоҷикистон, ки бо шарофати маърифати баланди ҳуқуқии мардуми тоҷик ҳамчун санади тақдирсози таърихӣ қабул шуд, Истиқлоли давлатии тоҷиконро аз лиҳози ҳуқуқӣ расмӣ гардонид ва Тоҷикистонро ба оламиён ҳамчун давлати соҳибихтиёру ҳуқуқбунёд, демокративу дунявӣ ва пешбарандаи сиёсати сулҳҷӯёна муаррифӣ намуд. Ин нукта дар ҳамоиш бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар «Амонатбонк» иброз шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Амонатбонк» иттилоъ медиҳад.

Дар конфронс гуфта шуд, ки Конститутсия санади асосие аст, ки ҳадафи он таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, пойдории адолату қонун ва ҳифзи истиқлолияти давлатӣ мебошад. Мардуми Тоҷикистон дар натиҷаи талошҳои шабонарӯзии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30 сол муқаддам, 6 ноябри соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ ин санади сарнавиштсозро қабул намуд. Тавассути ин дастоварди олӣ Тоҷикистон барои гузариш ба марҳалаи нави рушд, яъне бунёди давлати ҳуқуқбунёду иҷтимоӣ ва ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ заминаи боэътимод гузошт.

Таъкид гардид, ки дар нахустин моддаи ин санади сарнавиштсоз хусусияти соҳибихтиёрӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидааст. Ин арзишҳо собит менамоянд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бар пояи қонун ва ҳуқуқ бунёд ёфтааст. Бо қабули Конститутсия Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба ҳайси давлати соҳибистиқлол эътироф гардид. Конститутсияи Тоҷикистон, ки бо шарофати маърифати баланди ҳуқуқии мардуми тоҷик ҳамчун санади тақдирсози таърихӣ қабул шуд, Истиқлоли давлатии тоҷиконро аз лиҳози ҳуқуқӣ расмӣ гардонид.

Имрӯз Тоҷикистон бо зиёда аз 100 давлати дунё муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуда, аъзои беш аз 50 созмони муътабари байналмилалӣ аст. Ин аст, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ҳомии халқ ва Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин дар ҳалли масъалаҳои глобалии ҷаҳони муосир, аз ҷумла, об, ҳифзи пиряхҳо, тағйирёбии иқлим ва таъмини сулҳу суботи сайёра аз минбарҳои баланди созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ҷомеаи ҷаҳонро ба ҳалли масъалаҳои глобалии ҷаҳон даъват менамояд.

АКС: «Амонатбонк»

 

Ноябрь 4, 2024 13:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаи ҳифзи кӯдакон аз таъсири таблиғи ғизои носолим баррасӣ гардид
Дар вилояти Хатлон ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Хушдомани беҳтарин» муайян гардиданд
Осори Мавлоно чун падидаи нодири адабиёт ва андешаи башарӣ то имрӯз аҳаммияти бузурги маънавию ахлоқӣ дорад
Доир ба нақши Мавлоно дар ташаккули фарҳанги сулҳ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Рӯзи дуюми Форуми дуюми сулҳи Фарғона таҳти унвони «Ынтымак» (Рӯзи ягонагӣ) доир шуд
Оид ба мавқеи геосиёсӣ, геоиқтисодӣ ва геофарҳангии Шарқи Миёна ва Наздик конференсияи илмӣ доир шуд
Озмоишгоҳҳои таҳлили канданиҳои фоиданок ва омода кардани намунаи ашёи минералӣ ба истифода дода шуданд
Густариши ҳамкорӣ бо намояндагони Бонки исломии рушд дар соҳаи таҳсилоти касбӣ баррасӣ гардид
Дар Санкт-Петербург бо донишҷӯёни тоҷик оид ба масъалаҳои будубош ва таҳсил вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд Форуми дуюми сулҳи Фарғона доир шуд
Байни Маркази тадқиқоти стратегӣ ва Бунёди «Peace Nexus» Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Пиёдагардӣ умри инсонро дароз ва баданро ҷавон мекунад