Дар Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози Стратегияи миллии фарогирии молиявӣ доир гардид

Ноябрь 11, 2024 09:43

ДУШАНБЕ, 11.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он  раванди татбиқи нақшаи чорабиниҳои амалисозии стратегия дар соли 2023 ва шашмоҳаи якуми соли 2024 мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллӣ хабар медиҳад.

Раиси Шуро, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода иброз намуд, ки дар замони рушди босуръати технологияҳои инноватсионӣ фарогирии молиявӣ воситаи самараноки беҳтар намудани дастрасӣ ва истифодаи хизматрасонии босифати молиявӣ ба ҳисоб меравад. Он дар таъмини рушди устувори низоми бонкӣ ва бахши молиявӣ, таҳкими бахши хусусӣ, беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ, рушди сармояи инсонӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ дар мамлакат нақши муҳим иҷро менамояд.

Барои васеъ намудани дастрасӣ ба хизматрасонии бонкӣ заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба васеъ намудани инфрасохтори пешниҳоди хизматрасонии бонкӣ, мушаххаскунии фосилавӣ, ҷорӣ намудани механизми бонкдории кушода тавассути интерфейси кушодаи барномавӣ, таъмини ҳамгироии мутақобили кортҳои пардохтии бонкӣ, ҳамёнҳои электронӣ ва истифодаи QR-рамзи ягона ва ғайра таҳия карда шуд.

Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон механизми баррасии шикоятҳои истеъмолкунандагони хизматрасонии молиявӣ қабул карда шуда, барои таъмини низоми боэътимоди назорати рафтори иштирокдорони бозори хизматрасонии молиявӣ назорати фосилавӣ ва санҷиш дар ҷойҳо (онсайт ва оффсайт) гузаронида мешавад.

АКС: Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Ноябрь 11, 2024 09:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
ПУЛИ МИЛЛӢ –«СОМОНӢ». Банкнотаҳои он на танҳо воситаи пардохт, балки бозтоби таърих, фарҳанг, дастовардҳо ва ҳувияти миллии Тоҷикистон мебошанд
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ АСЪОРИ МИЛЛӢ. Эҳтироми пули миллӣ эҳтироми миллат аст!
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2165 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Остона Конфронси байналмилалии иқтисодии Фонди авруосиёии субот ва рушд баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд