Дар Бонки миллии Тоҷикистон бо роҳбари Дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо мулоқот доир гардид
ДУШАНБЕ, 02.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе густариши ҳамкории амалӣ дар самти муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО) дар мулоқоти муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ бо роҳбари Дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар Душанбе Вилли Кемпел баррасӣ шуд.
Ба АМИТ «Ховар» дар Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки Сироҷиддин Икромӣ аз ҳамкории муфиди Бонки миллии Тоҷикистон бо Дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Душанбе изҳори қаноатмандӣ карда, саҳми ин ниҳодро дар таҳкими низоми миллии муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом назаррас арзёбӣ намуд.
Бояд гуфт, ки баҳодиҳии хавфи миллии қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм дар ҷумҳурӣ яке аз самтҳои муҳим дар доираи кумаки техникии Дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Душанбе мебошад.
Интизор меравад, ки ҳисоботи он дар ҷаласаи навбатии Комиссияи доимамалкунандаи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом тасдиқ гардад.
Роҳбари Дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Душанбе дар баробари хавфҳои муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом масъалаҳои мубрами ҷаҳонӣ, аз қабили таъсири офатҳои табиӣ, обшавии пиряхҳо ва дигар масъалаҳоро баррасӣ намуда, ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин самт саривақтӣ арзёбӣ кард.
Дар мулоқот ҷонибҳо инчунин доир ба дигар самтҳои ҳамкорӣ мубодилаи афкор намуданд. Дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Душанбе барои татбиқи онҳо изҳори омодагӣ намуд.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1010 то 0.1126 сомонӣ муқаррар гардидааст
МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ Фестивали саводнокии молиявӣ гузаронида шуд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Душанбе самтҳои баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии кӯдакону ҷавонон баррасӣ гардиданд
ПУЛИ МИЛЛӢ –«СОМОНӢ». Банкнотаҳои он на танҳо воситаи пардохт, балки бозтоби таърих, фарҳанг, дастовардҳо ва ҳувияти миллии Тоҷикистон мебошанд
ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ АСЪОРИ МИЛЛӢ. Эҳтироми пули миллӣ эҳтироми миллат аст!






