Дар Брюссел дастовардҳои Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи инсон муаррифӣ шуданд

Ноябрь 27, 2024 15:27

ДУШАНБЕ, 27.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз 18 то 23 ноябри соли равон дар шаҳри Брюссели Шоҳигарии Белгия ҳайати Тоҷикистон дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти ҳуқуқи инсон муаррифӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Аз ҷониби ҳайати Тоҷикистон «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст,  Нақшаи миллии амалҳо барои иҷрои тавсияҳои давлатҳои аъзои Шурои Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон тибқи расмиёти Шарҳи универсалии даврӣ (даври сеюм) барои солҳои 2023-2026, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз»ва дигар ҳуҷҷатҳои стратегии ҷумҳурӣ дар самти ҳуқуқи инсон дар алоҳидагӣ муаррифӣ гардиданд.

Зимни вохӯриҳо ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сохторҳои гуногун, аз ҷумла Парлумони Аврупо, Комиссияи Аврупо – шуъбаи савдо ва рушд, Вазорати корҳои хориҷии Шоҳигарии Белгия, Вазорати рушди ҳамкории байналмилалии  Шоҳигарии Белгия ва дигар сохторҳои ин кишвар табодули таҷриба намуд.

Таъкид гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба раванди иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, ки ба зимма гирифтааст, аҳамияти хосса дода, барои амалигардонии онҳо пайваста тадбирҳои муассир меандешад.

Тавассути сиёсати инсонпарваронаи Пешвои миллат дар  чаҳор марҳила занону кӯдакон аз урдугоҳҳои минтақаҳои ҷангзадаи Ховари Миёна ба Тоҷикистон оварда шуда, барои барқарорнамоии ҳолати равонӣ ва баргардонидани онҳо ба ҳаёти муқаррарӣ чорабиниҳо амалӣ мешаванд.

Ҷонибҳо барои тақвият додани ҳамкории минбаъда бо сохторҳои Иттиҳоди Аврупо ва Шоҳигарии Белгия дар самти ҳуқуқи инсон ба мувофиқа расиданд.

АКС: Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 27, 2024 15:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст