Дар деҳаи Корвони шаҳри Ваҳдат бинои нави муссисаи таълимӣ ба истифода дода шуд

Ноябрь 26, 2024 12:00

ВАҲДАТ, 26.11.2024./АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Корвони Ҷамоати деҳоти Гулистони шаҳри Ваҳдат бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №145 мавриди истифода қарор гирифт. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат хабар доданд.

Бинои нави таълимӣ аз ду ошёна иборат буда, дорои 8 синфхона, утоқи директор, китобхона, ошхона ва хонаи омӯзгорон мебошад. Дар он дар ду баст 480 хонанда дарс меомӯзад.

Сокинони шаҳри Ваҳдат зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъ гардида, муассисаҳои таълимӣ, бунгоҳу марказҳои саломатии деҳотро обод ва роҳҳои деҳаю маҳаллаҳоро мумфарш менамоянд.

Ба шарафи таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон- шуруъ аз соли 2023 то имрӯз дар шаҳри Ваҳдат 23 бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ ва 144 синфхонаи иловагӣ дар назди 79 муассисаи таълимӣ сохта, ба истифода дода шуд, ки 13 000 ҷойи нишастро ташкил медиҳанд.

Ин ҳама созандагию бунёдкорӣ дар соҳаи маориф мушкилии норасоии ҷойи нишастро дар муассисаҳои таълимӣ бартараф менамояд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат

Ноябрь 26, 2024 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд