Дар доираи Форуми сеюми байналмилалии ректорони донишгоҳҳои Тоҷикистон ва Беларус 25 созишномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 28.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми сеюми байналмилалии ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус дар мавзуи «Маориф ҳамчун омили муҳим дар таҳкими робитаҳои дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус» баргузор гардид, ки зимни он байни донишгоҳу донишкадаҳои ду давлат 25 созишномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар форум ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 12 ректори донишгоҳу донишкадаҳои Ҷумҳурии Беларус иштирок намуданд.
Ёдовар мешавем, ки солҳои 2022-2023 Форуми якум ва дуюм дар шаҳрҳои Душанбе ва Минск баргузор гардиданд, ки зимни онҳо 51 созишномаи ҳамкорӣ байни донишгоҳу донишкадаҳои ду давлат ба имзо расида, дар ҳоли татбиқ қарор доранд. Дар доираи санадҳои баимзорасида ҳамасола табодули академии донишҷӯёну омӯзгорон доир шуда, ҳамоишҳо, конференсияҳо, семинарҳо ва мизҳои мудаввари илмӣ гузаронида мешаванд.
Зимни ҷаласаи пленарии форуми сеюм муовини якуми Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷӯразода вобаста ба муносибатҳои дӯстонаи ду давлат — Тоҷикистон ва Беларус, бахусус ҳамкорӣ дар соҳаи илму маориф ибрози назар намуда, нақши ин форумро дар рушди илму маорифи ду давлат нек арзёбӣ кард.
Сафири фавқулода ва ваколатдори Ҷумҳурии Беларус дар Тоҷикистон Виктор Денисенко аз баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҳамкорӣ ва муносибатҳои неки дӯстонаи ду халқи бародар-тоҷику беларус таҳти Сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко ёдовар шуд.
Тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, илм ва инноватсия байни Тоҷикистон ва Беларус дар самти иқтисоди «сабз», рақамикунонӣ, масоили марбут ба мубодилаи омӯзгорон ва донишҷӯён, доир намудани конфронсҳои илмӣ, иштирок дар кори шуроҳо оид ба ҳимояи диссертатсияҳо, ташкили равандҳои омӯзиши мутақобил, баланд бардоштани ихтисоси омӯзгорон ва ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар соҳаи маориф аз ҷумлаи масъалаҳои меҳварии форум буданд.
АКС: Донишгоҳи технологии Тоҷикистон








Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд






