Дар Донишкадаи санъати театрии Русия спектакли «Заҳҳок» намоиш дода шуд
ДУШАНБЕ, 19.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 17 ноябр дар Донишкадаи санъати театрии Русия (ГИТИС) дар доираи Фестивали театрии мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил «ГИТИС-мастер-класс» спектакли «Заҳҳок» аз рӯи «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ намоиш дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия хабар медиҳад.
Дар намоиш ректори Донишкадаи санъати театрии Русия (ГИТИС), доираҳои илмиву эҷодӣ, аз ҷумла шоирону нависандагон, олимону муҳаққиқон, устодон ва донишҷӯёни мактабҳои олӣ, инчунин тоҷикони муқими Федератсияи Русия иштирок намуданд.
Намоиши театрии «Заҳҳок» аз ҷониби донишҷӯёни Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода зери роҳбарии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Тағоймурод Розиқов ба саҳна гузошта шуд.
Бояд гуфт, ки Абулқосим Фирдавсӣ Заҳҳокро ҳамчун шахси золим ва рамзи қувваи бадӣ ба қалам додааст. Дар образи халқ қувваи бузургу мағлубнопазирро инъикос намудааст. Абулқосим Фирдавсӣ дар нақши Кова шахси бузургу тавоноро тасвир кардааст.
Меҳмонони намоиш ба шарофати ин маҳфил бо фарҳангу адабиёти волои тоҷикон шиносоии бештар пайдо карданд.



АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия








Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид






