Дар Душанбе Ҳафтаи таҳсилоти байналмилалӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 15.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе аз ҷониби Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 то 22 ноябри соли 2024 Ҳафтаи таҳсилоти байналмилалӣ доир мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин сафорат.
Ба иттилоои сафорат, 18 ноябр аз соати 14:00 то 16:00 намоишгоҳи омӯзишӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор мешавад. Дар он созмону шарикони таълимӣ ва дигар ташкилот иштирок менамоянд. Ҳар муассиса барномаҳои омӯзишии худро муаррифӣ намуда, дар бораи имконияти таҳсил маълумот ва ба саволҳои иштирокдорон посух медиҳанд.
Давоми ҳафта дар Маркази амрикоӣ дар шаҳри Душанбе (American Space Dushanbe) суҳбат баргузор мешавад. Дар поёни ҳафта, 22 ноябр аз соати 16:00 то 18:00 бо иштироки хатмкардагони коллеҷу донишгоҳҳои Амрико намоишгоҳи хатмкардагон баргузор мегардад.
АКС: Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






