Дар Душанбе афзалияти стратегии рушди шуғли пурмаҳсул баррасӣ гардид

Ноябрь 29, 2024 09:33

ДУШАНБЕ, 29.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 28 ноябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили навбатии журналистикаи иқтисодии «Тавозун» дар мавзуи «Рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир гардид, ки ҳадаф аз он баррасии ҷанбаҳои ин самт, афзалияти стратегӣ, инчунин мушкилот ва имконот мебошад. Дар ин хусус мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Дар маҳфил  таъкид шуд, ки шуғли пурмаҳсул масъалаҳои пайвасти суръати рушди иқтисодӣ, ҳифзи манфиат ва ҳуқуқҳои кормандон ва ҳамчунин омили муҳиму самаранокро дар роҳи баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолии мамлакат дар бар мегирад. Таъмини шуғли пурмаҳсул дар Тоҷикистон ба афзоиши пасандозҳо ва сармоягузориҳо бевосита мусоидат мекунад.

Бояд гуфт, ки дар мамлакат 28 майи соли 2022 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи соли 2040» қабул гардид. «Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи соли 2040» аз панҷ самти калидии сиёсати миллӣ дар соҳаи шуғл ва ҳифзи иҷтимоӣ, аз ҷумла васеъ намудани соҳаи шуғли пурмаҳсул; донишу малака, технология ва имконияти шуғли пурмаҳсул; рушди соҳибкорӣ ва ташкили ҷойҳои кории пурмаҳсул; ниҳодҳо ва барномаҳои бозори меҳнат ва шарикии иҷтимоӣ иборат аст.

«Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсули аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи соли 2040» бо мақсади мусоидат ба амалисозии муқаррароти «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», ки дар он сиёсат дар бораи васеъ гардондани шуғли пурмаҳсули аҳолӣ ҳамчун яке аз чор самти афзалиятноки асосии рушди мамлакат муқаррар шудааст, таҳия гардидааст.

«Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» дуюмин стратегияи дарозмуддати рушди мамлакат дар таърихи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар он ҳадаф ва афзалияти рушди дарозмуддат бо назардошти сабақҳои андӯхта, орзуву ниятҳои мардуми мамлакат, захираву имконияти мавҷуда, омилҳои беруниву дохилӣ ва пешбиниҳои раванди сиёсиву иқтисодии ҷаҳониву минтақавӣ муайян карда шудаанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 29, 2024 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст