Дар Душанбе ҷаласаи даҳуми Шурои ҳамоҳангсози миллӣ оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 22.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. 21 ноябр ҷаласаи даҳуми Шурои ҳамоҳангсози миллӣ оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Муовини якуми Сарвазири мамлакат Ҳоким Холиқзода иброз намуд, ки дар Тоҷикистон ба соҳаи сайёҳӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон инфрасохтори муосири сайёҳӣ дар маҳалҳои дурдаст ва мавзеъҳои ҷолиби сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ бунёд гардид. Ин омил сабаби ҷалби бештари сайёҳон ва бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолии маҳаллӣ мегардад.
Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои ояндадор ва босуръат рушдёбанда дар ҷаҳон ба шумор рафта, дар рушди бахшҳои дигари иқтисодиёт нақши муассир мегузорад.
Таъкид гардид, ки барои рушди соҳаи сайёҳӣ тамоми заминаҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ таъмин буда, нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии «Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад.
Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод иттилоъ дод, ки дар 9 моҳи соли 2024 ба Тоҷикистон беш аз 1 миллиону 223,2 ҳазор шаҳрвандони хориҷӣ омадаанд. Аз ин шумора 941,3 ҳазор нафар тибқи талаботи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ ҳамчун гардишгар ворид гардидаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 17,3 фоиз зиёд аст.
Инчунин гуфта шуд, ки дар ин давра бо мақсади рушди ҳамкорӣ ва ҷалби бештари сайёҳон 5 санади ҳамкорӣ бо давлатҳои хориҷӣ ба имзо расонида шуд.
Дар маҷмуъ 22 санади ҳамкорӣ бо мамлакатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Амороти Муттаҳидаи Араб, Шри-Ланка, Урдун, Узбекистон, Қазоқистон, Федератсияи Русия, Швейтсария, Фаронса, Кувайт, Туркманистон, Озарбойҷон, Эрон, Покистон, Беларус, Қатар ва Созмони ҳамкории Шанхай ба имзо расид.
Соҳаи сайёҳӣ ба беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонии нақлиёт, алоқа, савдо ва хӯроки умумӣ таъсир мерасонад. Рушди ин соҳа боиси зиёд гардидани ҷойи нави кор, воридшавии асъори хориҷӣ ва тақвияти нишондиҳандаҳои иҷтимоӣ-иқтисодии мамлакат мегардад.
Ёдовар мешавем, ки дар мамлакат барои рушди сайёҳӣ ва назорати раванди амалишавии барномаву нақшаҳои бунёди инфрасохтори сайёҳӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, косибӣ, касбу ҳунаромӯзӣ, истифодаи заминҳои президентӣ ва наздиҳавлигӣ, ташкилу назорати корҳои ободониву сабзазоркунӣ, тозаву озода нигоҳ доштани маҳалҳои аҳолинишин, ҳифзи табиат ва ташкили фаъолияти маҳалу растаҳо ва гӯшаҳои ҳунармандӣ дар шаҳру ноҳияҳо давоми соли 2024 корҳои назаррас анҷом дода шуданд.
Дар анҷоми ҷаласаи шуро барои бартараф намудани камбудию мушкилоти ҷойдошта, татбиқи босамари ҳадафҳои Ҳукумати мамлакат оид ба рушди устувори соҳаи сайёҳии мамлакат, амалисозии «Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва омодасозии соҳа ба пазироии сайёҳон, хусусан рушди сайёҳии дохилӣ аз ҷониби муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода супоришҳои мушаххас дода шуд.
Ҷаласаи навбатии гурӯҳи корӣ 29 ноябри соли равон дар маркази вилояти Хатлон баргузор мегардад.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Вазорати молияи Тоҷикистон 81 лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ таҳия намуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон 331,4 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гардид
Байни Тоҷикистон ва Муғулистон ҳамлу нақли байналмилалии автомобилии мусофирон ва борҳо ба роҳ монда мешавад
Ҳамкории Тоҷикистону Муғулистон дар самти таҳқиқоти геологӣ таҳким меёбад
Нақшаи пардохтҳои гумрукӣ дар шаш моҳ қариб 8 миллиард сомонӣ иҷро шуд
Тоҷикистон ва Муғулистон дар самти пешбурди содирот ва ҷалби сармоягузорӣ ҳамкориро густариш медиҳанд
Соҳибкор аз Тоҷикистон Шарифбек Давлатов дар Муғулистон бо медали фахрии «Роҳи Абрешим» қадрдонӣ гардид
Барои соли таҳсили 2026–2027 тибқи квотаи президентӣ 1670 ҷой ҷудо карда шуд
Дар Ишкошим зеристгоҳи барқии 110/35 кВ-и «Қозидеҳ» ба истифода дода мешавад
Байни Тоҷикистон ва Муғулистон Харитаи роҳ ба имзо расид
Барои гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил сохтори нав таъсис дода мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар шаш моҳи соли 2026 ба зиёда аз 6 миллиард доллар баробар гардид






